Нилуфар Шидмеҳр — Канада — Эрон

 Чароғи хомӯш

Ба тозагӣ ба ман гуфт,

Гардсӯзе харида, вале нашнид.

Нахост бишинавад, ки гуфтам,

Гирондани дубораи ман мумкин нест.

Он шӯъла, ки дар ҳубоби синаам,

Барои ӯ месўхт,

Муддатҳост хомӯшӣ гирифта.

На, равғани милаам таҳ накшида,

На, фатилаам ҳанӯз дар фикри боло кашидан аст.

На, дар сарам ҳанӯз ҳавои ҳариқ,

Кибрияти ӯ аммо намекушуд.

Вале нашнид,

Нахост бишинавад, ки гуфтам,

Нахоҳам сӯхт дигар барояш.

***

Боз ҳам гуфт биё

Биёву бубин ба тозагӣ гардсӯзе харидаам,

На, нашниду на мехост ҳам аз ман бишинавад, ки гуфтам,

Чароғе, ки насўзад атиқа аст.

Беҳтар аст бигузорияш болои раф,

Дар утоқи хоб барои гиромидошти гарди замон,

Ки нишаста муддатҳост бар сӯзи дилҳоямон.

***

 Носуфта  

Синаам қаиқе, ки аз он ғаввосе,

Ҳамин дам берун парида.

Ба сабке, бо ҳаяҷоне меҷунбад.

Гӯшмоҳиҳои соҳил ҳам имшаб чун ман,

Нафасҳои туро мешумаранд.

Имшаб, ки боз барои сайди ба аъмоқи ман рафтаӣ.

Мане, ки носуфтатарин марворидамро,

Бар гӯши хеш,

Овехтаам.

نیلوفر شیدمهر- کانادا — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *