Бахшида ба муҳоҷирони тоҷик: «Овора»

Шоми 20-уми сентябр дар шаҳри Маскав посбонони бозор як ҷавони аробакаши тоҷикро мурданивор зери мушту лагад гирифтанд ва ин боиси исёни муҳоҷирони кории тоҷик гашт. Шеъри мазкур зери таъсири ҳамин моҷаро тавлид гашт

Тоҷики бечораи ман,
Миллати овораи ман,
Зулму истибдод кайҳо сарнагун гашт,
Ту ҳанӯзам чун Камол овораи,
Мисли Носир то ҳанӯз бечораи.
Гарчи садҳо об аз ҷӯйҳо гузашта,
Гарчи кайҳо қулфи зиндонҳо шикаста,
Гарчи дигар нест дар рӯи ҷаҳон,
Аз ғуломӣ заррае ному нишон,
Ту ғуломӣ меравӣ,
Аз паи як пора нон.
Дар сарат тоҷи каёнӣ,
Бори русу аврупоӣ мекашонӣ!
Рӯйи бомат дар Ватан андова ловида,
Хонаи бегонаро ободу зебо мекунӣ,
Хору хористони мардумро
ту гулгашти Мусалло мекунӣ.
Лек Ҷамшудат бихонанд,
Бо ҳазорон таҳқиру хорӣ биронанд.
Дар миёни ҷангали касногузар,
дар мулки рус,
Гоҳу ногоҳ
тӯдаи авбошҳои тоссар
мисли як села калоғ,
Бар сарат якбора хезад,
Хуни тоҷикро ба сад хорӣ бирезад.
Ҷомаи домодиат дар мех овезон,
Чашми чори гуларӯсе бар раҳ аст.
Лек, ким-кадом бозорие,
Бар сари ту мекашад теғу камон,
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳӣ,
Аз барои пораи нон.
Дигарон дар Моҳу Миррих карда кайҳо ошён,
Тоҷики ман,
Миллати бо нангу ор!
То ба кай монӣ Ҳасан?
Ғиж-ғижи чархи ароба бар дилам зад,
Бас дигар, бас!
Қадри худ бишнос охир,
Он наҷосатро раҳо кун,
Қасри бахтатро ба дасти худ,
барои худ бино кун!

Фируза Сатторӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *