Таъбири хоб: Фестивали “Хӯришҳо” ташкил мешавад
Ростӣ, вақтҳои охир аз хобҳои Фазлиддин ҳатто ҷинҳои ман тарсида истодаанд, чунки ин хобҳо дигар аз меъёри таъбир берун баромада, бештар қолаби фалсафӣ мегиранд, ки ба қавли хирадманде, чорагар дар таъбири он бечора мешавад. Хобҳои ғайриоддӣ, пургиреҳ ва муаммодор.
Фазлиддин гоҳо дар хоб ширинӣ мебинаду гоҳо аз меваву сабзавот, гоҳо аз муносибати ғайриоддии мурғу хурӯс ва гоҳо аз лаблабву картошка. Метарсам, ки дар ниҳоят Фазлиддинро ҷин назанад, зеро ба қавли пири ҷинҳоям, “хобҳояш ба хобҳои одами дуруст монанд не”.
Ба хоби охирини Фазлиддин, ки ҳамроҳи караму сабзиву лаблабу дар иди “Картошка” ширкат варзида, аз мақому мартабаи картошка рашк кардаанд, чанд рӯз таъбир кофтам, китобҳои гуногунро варақ задам. Ҳатто ба дастурамалҳои истеҳсоли караму сабзиву лаблабу ва картошка рӯ овардам. Муттаҳид кардани иди онҳо “дар як рӯз” имкон дорад ё не, аз мутахассисон пурсидам. Ростӣ, чизе наёфтам, ки наёфтам.
Вале рӯзе, вақте ғарқи хаёлҳои дарҳам — барҳам дар кӯча роҳ мерафтам, бо амри тасодуф Афзал ном лӯлиеро, ки солҳо боз ӯро мешинохтам, вохӯрдам. Намедонам бовар мекунед ё не, вале ман бо як суҳбати кӯтоҳ бо ин лӯлӣ, ба ин хоб таъбир ёфтам. Баъд аз ҳолпурсӣ, вақте хоби охирини Фазлиддинро ба ӯ нақл кардам, Афзал хотираеро ба ёд оварда, гуфт:
— Солҳои пеш то таваллуди тифл имконияти муайян намудани ҷинсияти ӯ вуҷуд надошт. Занони зиёд ба мо лӯлиҳо муроҷиат карда, фол меандохтанд, ки дар батн духтар доранд ё писар ва баъзан фолҳои мо ҳам дурӯғ мебаромад. Занҳо фақат баъди таваллуд мефаҳмиданд, ки мо дурӯғ гуфтаем.
— Ягон маротиба дар батни зани худатон кӣ буданашро пешгӯӣ кардаед?,- бо кунҷковӣ пурсидам аз ӯ.
Гуфт:
— Моҳи 9-уми ҳомиладории занак буд. Ӯро дард гирифту дар хона таваллуд карда натавонист. Ман зуд ӯро ба таваллудхона бурдам ва пеш аз даромаданаш гуфтам:
— Вақте таваллуд шавад, духтар ё писар нагӯ. Биё, ба худамон ягон номи рамзӣ фикр мекунем?
— Чӣ хел?,- ҳайрон шуда пурсид.
Гуфтам:
— Масалан агар писар таваллуд кунӣ, ба саволи «чӣ шуд?» бодиринг мегӯӣ, агар духтар шавад, помидор.
Ҳамин тавр, ӯ ба таваллудхона даромаду тақрибан баъди 2-3 соат тирезаи ошёни 2-юм кушода шуд ва аз тиреза симои занак намудор гардид. Пурсидам:
— Занак, чӣ шуд?
Бо овози баланд гуфт:
— Салат шуд, мардак, салат!
“Худоё, занаки ман на бодиринг гуфту на помидор… Ин чӣ таваллуд карда бошад, ки «салат» ном мондааст!?” гуфта, нав гиребонамро медоштам, ки хандида, гуфт:
— Дугоник шуд мардак, дугоник. Помидору бодиринг якҷо ки шуд, чӣ мешавад? Албатта, салат…
— Танҳо баъд фаҳмидам, ки ӯ як писару як духтар таваллуд кардааст,-гуфт бо ханда Афзал.
Баъди шунидани ин қисса таъбири хоби фалсафии Фазлиддин низ зуд кушода шуд ва гуфтам:
— Якҷо кардани идҳои караму сабзиву лаблабу ва картошка дар хоб таъбире ҷуз «салат-хӯришҳо» нест. Фақат дар хӯришҳо метавон онҳоро якҷоя ва муттаҳид кард. Фазлиддин дар хоб мехост иди онҳоро муттаҳид кунад, дар бедорӣ бошад, мо худи онҳоро якҷоя мекунем, агар барои ин мо як иди наве бо номи «Хӯришҳо» ташкил кунем. Ана дар он ид ё фестивал мо метавонем хӯришҳои алоҳидаи караму сабзиву лаблабуро як сӯ монда, онҳоро бо картошка омехта карда, як хӯриши алоҳидаи бузурге бо ягон номи дигар истеҳсол намоем. Хӯриши бузург дар ягон деги бузург. Мисле, ки як ошро дар деги яктоннагӣ мепазанд, хӯришро дар деги чортоннагӣ бояд омода кунем, вале ин аз салоҳияти Вазорати кишоварзӣ берун мебарояд ва фестивалро бояд ягон вазорати дигар ташкил кунад.
«Хаставу лакот» шудани шуморо таъбир он аст, ки барои дар як ид муттаҳид кардани караму сабзиву лаблабуву картошка хеле заҳмат хоҳед кашид. Зеро ин кори саҳлу соддае нест. Вақте коршиносону олимон онро наёфтанд, барои шумо осон нахоҳад буд. Вале ин идро маҳз шумо меёбед ва ихтирои шумо хоҳад шуд, оғои Фазлиддин.
Фақат аз хоби шумо ва рӯйи кӯрпача дароз кашиданатон ман як хатар эҳсос кардам. Зеро кӯрпача вобаста ба ранг ва матоъ метавонад таъбирҳои гуногун дошта бошад, вале ман инро бепул гуфта наметавонам. Агар бепул гӯям, ба худам ва ба ҷинҳоям зиён мерасад.
Бо эҳтиром,
Холиқназар ҶУМЪАЕВ,
таъбиргӯи шахсӣ ва бепули шумо
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ