Таксистҳо ҳайрону мусофирон саргардон

Чанд рӯзи охир дилам ба таксистҳое месӯзад, ки аз бонк қарз кардаву мошин харидаанд.

Чанд рӯзи охир дилам ба мусофироне месӯзад, ки бегоҳ соатҳо дар роҳ интизори нақлиёти мусофирбаранд.

Чанд рӯзи охир дилам ба ҳар нафаре месӯзад, ки бегоҳ барои аз кор ба хона рафтан таксӣ фармоиш медиҳаду аз он тарафи гӯшаки телефон оператори ширкат ҷавоб намедиҳад. Ё фармоиш қабул мекунаду мошин намефиристад.

Боз чанд рӯзи охир дилам ба 2500 ронандае месӯзад, ки 12 — 15 000 нафарро мехӯронанду мепӯшонанд, бекор мемонанд. Зеро, аз рӯи маълумоти охири БДА, ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе 4 000 мошин, ки дар тобеияти ширкатҳои таксӣ ҳастанд, барои мусофиркашонӣ басанда аст. Аммо ширкатҳо теъдоди қабули таксиҳоро аз 6500 адад бештар кардаанд. Аҷиб, агар лимити муайяни қабули таксиҳо ҷой дошта бошад, чаро ширкатҳо аз меъёр бештар мошин гирифтанд? Акнун, онҳое, ки соли барориши мошинашон куҳна будааст, чӣ кор кунанд?

Ҳоло кӯчаҳои шаҳри Душанбе аз таксиҳо хеле холӣ шудаанд. Агар яке аз ин хушҳолӣ кунад, дигаре нороҳату сеюмӣ сарсон аст. Модаре  дирӯз бо ду кӯдак маҷбурӣ вориди машрутка шуда, мегуфт, ки ба мактаб дер мекунад. Зери лаб, аз набудани таксиҳо ва интизории зиёд дар роҳ шиква мекард. Мусофири дигаре дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ки шояд бештар аз таксӣ истифода мекардааст, мегуфт, ки чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд. “Маҷбурем, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунем”,- изҳор медошт ӯ.

— Ронандаҳои таксиҳо ҳам беайб нестанд,- ба гап ҳамроҳ шуд нафари дигар дар дохили нақлиёт.- Баъзеашон аз худ рафтаанд. Тозагӣ, одоби муошират дар байни ронандагони таксиҳо бо ду пой мелангад. Махсусан, ҷавононе, ки  берун аз шаҳр ворид шудаанд, ахлоқашон коста аст… Вале ман ҳам чандин маротиба ба ин ҳолат рӯ ба рӯ шудаам. Аммо ҳар кореро роҳи ҳал бояд ҷуст. Якум, ширкатҳои хизматрасон пеш аз қабули ронандагон онҳоро дар мавриди муошират бо мардум омӯзонанд. Дуюм, ақаллан ҳафтае як маротиба мошинҳояшонро аз лиҳози тозагӣ ва бехатарӣ санҷиш кунанд. Сеюм, собиқаи ронандагии онҳоро ҳангоми қабул ба кор ба назар гиранд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *