Дастаҳои даври чорякниҳоӣ маълум шуданд

Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар кишвари Қатар идома дорад, ба марҳилаи чорякниҳоӣ расид. 16 дастаи беҳтарин аз гуруҳҳо дар даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳам мубориза бурданд ва аз инҳо 8 дастае, ки пирўз шуданд, ба даври чорякниҳоӣ расиданд.

Бозии аввали даври ҳаштякниҳоӣ вохўрии дастаҳои Нидерланд ва ИМА буд, ки аврупоиҳо бо осонӣ амрикоиҳоро шикаст доданд. Дастаи Иёлоти Муттаҳида ба 3 голи нидерландиҳо танҳо бо як гол ҷавоб гардонд.

Дар бозии дуюм дастаҳои Аргентина ва Австралия мубориза бурданд. Ин бозӣ низ бо натиҷаи 2:1 бар суди аврупоиҳо ба охир расид ва яке аз се намояндаи Осиё ноумед шуд.

Вохўрии сеюм бозии ду дастаи аврупоӣ буд, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон — Фаронса ба муқобили Лаҳистон ба майдон омад. Фаронса бе мушкил бо ҳисоби 3:1 Лаҳистонро мағлуб кард ва ба даври дигар расид.

Сипас, дар бозии дигар Англия бо намояндаи Африқо Сенегал бозӣ кард. Маълум буд, ин аврупоиҳо, ки саромадони футболанд, ба африқоиҳо ҳеҷ имконе намедиҳанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва Англия ба дарвозаи Сенегал 3 тўби беҷавоб зад.

Ҷопон — намояндаи дигари Осиё, ки умеди мухлисон аз ин даста зиёд буд, ба муқобили дастаи аврупоии Крувосӣ ба майдон омад ва аввалин шуда ҳисобро боз кард, аммо аврупоиҳо дарҳол ҳисобро баробар карданд. Бозӣ то ба қисмҳои иловагӣ расид ва дастаи ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашуд. Дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар пеналтӣ заданд, ки се бозигари ҷопонӣ натавонистанд ба ҳадаф расанд. Онҳоро дарвозабони Крувосӣ ноумед кард. Як футболбози Крувосӣ ҳам зарбаро хато зад ва бозӣ бо натиҷаи 3:1 бар нафъи аврупоиҳо ба анҷом расид.

Намояндаи дигари Осиё Куриёи Ҷанубӣ буд, ки бо Бразилия майдондорӣ кард. Бразилия ҳанўз дар қисми аввал бозиро ҳаллу фасл кард ва 4 голи беҷавоб зад. Дар қисми дуюм куриёҳо як гол заданд ва бо ҳамин ширкати худро дар Ҷоми ҷаҳон анҷом доданд.

Марокаш дар бозӣ бо намояндаи дигари Аврупо — Испания пирўз шуд ва ягона даста аз Африқо шуд, ки дар даври чорякниҳоӣ бозӣ мекунад. Ҳисоби бозӣ дар вақти асосиву изофӣ кушода нашуд. Дар задани пеналтӣ марокашиҳо хуб буданд ва ҳам дарозабонашон ду зарбаро баргардонд, ки бо ин даста бо натиҷаи 3:0 дастболо шуд.

Португалия ва Суис, ду намояндаи Аврупо, барои роҳҳати даври чорякниҳоӣ мубориза бурданд ва ҳамдастаҳои Роналду бе ў тавонистанд, ки комёб шаванд. 6:1 ҳисобе буд, ки дар ин бозӣ ба қайд гирифта шуд. Гонсалу Рамуши 21-сола аз ин даста ҳет-трик кард. Роналду дар қисми дуюм ба майдон омад ва гол ҳам зад, ки ба ҳисоб гирифта нашуд.

Акнун дар даври чоякниҳоӣ Нидерланд бо Аргентина, Фаронса бо Англия, Крувосӣ бо Бразилия, Марокаш бо Португалия бозӣ мекунанд. Бозиҳо 9 ва 10-уми декабр баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *