Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимоди Ватан

Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковники милитсия,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,

Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон

Боиси ифтихору сарфарозист, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо санаҳои хотирмон ҷашн мегирад.

Таҷлили ҳар як ҷашну маросим, рӯзҳои таъсисёбӣ ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз карданд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар ин арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки ба хотири ободию шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат тамоми шароиту имкониятҳоро барои зиндагии шоиста, бақои давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони сокинони ватанамон муҳайё карданд.

Яке аз чунин санаҳо ин рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст. Таъсисёбии Артиши миллӣ яке аз омилҳои муҳими ҳастии давлату миллат ба ҳисоб рафта, он собит менамояд, ки фарзандони ин сарзамини бостонӣ барои ҳифзи обу хок, боигарӣ ва дороии Ватани худ содиқ буданд ва ҳамеша содиқ мемонанд.

Дар тӯли таърихи ҳазорсола аҷдодони мо ҳамеша ба хираду заковат, далерию шуҷоъат ва устуворию матонати фарзандони бонангу номус такя намуда, фарҳангу маданият, урфу одат ва осори гаронбаҳои таърихиро то имрӯз ҳифз намуданд.

Тоҷикон дар арсаи таърих таҳти фишор ва рақобати душманонаи аҷнабиён қарор доштанд. Зеро донишу хирад ва илму маърифати онҳо оламгир буд ва дар аксар давлатҳои ҷаҳон забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамчун забони давлатдорӣ ва муошират ба ҳисоб мерафт. Бо гузашти солҳо кашмакашиҳои қавмӣ, хусумату душманӣ ва нотавонбинии бегонагон мардуми моро аз асли хеш дур ва адабиёту фарҳанги оламшумулро парешон сохт.

Бо вуҷуди мушкилиҳо ва душвориҳое, ки дар тӯли таърих садди роҳ мешуданд, натвонистанд азму ирода ва рӯҳияи онҳоро шиканад.

Имрӯз мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки баъди талошу кӯшишҳои зиёд, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо ба як давлати воҳид, мустақил ва бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиб гардидем.

Ташкили артиши замонавӣ, аз нигоҳи қудрату тавонӣ боэътимод, дорои мутахассисони соҳибмаълумот ва тактикаи хуби ҷангӣ, инчунин муҷаҳҳаз бо бинову иншоотҳои замонавӣ моро водор менамояд, ки устувор ва бо азму иродаи қавӣ ба оянда назар намоем.

Истиқболи ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад (Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.02.2020. www. president.tj)

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 13 декабри соли 1996, № 316).

Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қӯшунҳои хушкигард; қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; қӯшунҳои зудамал дохил мешаванд. Дар давраи ҷанг бошад, ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.

Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтааст. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 23 феврал ҳамчун ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”аз 3 ноябри соли 1995, № 98).

Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлолият мебошанд, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.

Дар солҳои аввали даврони истиқлолият ба мушкилоти вазъи иқтисодӣ, норасоии техникӣ, набудани мутахассисони соҳавӣ ва шароити моддӣ маишӣ нигоҳ накарда, дар он рӯзҳои душвору тақдирсоз афсарону сарбозони Артиши миллӣ вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зимма доштаашонро, бо сарбландӣ иҷро намуданд. Онҳо бар душманони миллат, зархаридони хориҷӣ ва афроди нотавонбину хиёнаткор ғолиб омада, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз ва таъмин намуданд.

Дарки баланди масъулият, эҳсоси ватанхоҳона ва инсондӯстӣ дар вуҷуди фарзандони бонангу номус ва сарбаланди ин давлату миллат буд, ки онҳо садоқату самимияти худро барои пойдории сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият дар Тоҷикистон нишон доданд.

Таърих гувоҳ аст, ки охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри 20 давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар миқёси байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи хосса дошт, бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ба буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, заминаҳои барҳам хӯрдани он фаро расид. Дар ин замина 8–уми декабри соли 1991 аҳднома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид, ки тибқи он Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам хурд.

Ҳамин тавр, пас аз пош хурдани ИҶШС раванди соҳибистиқлол гардидани давлатҳои аъзои иттиҳоди мазкур ба амал омад, ки яке аз онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон (сентябри соли 1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии Соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намуд, ки нодиртарин дастоварди ин миллати куҳанбунёд дар таърихи навини ӯ мебошад.(Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ. Душанбе. -2015. С.499).

Маҳз тавассути соҳиб шудан ба ин неъмати бебаҳои таърихӣ, саҳифаҳои навину дурахшон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии миллати тоҷик ворид гардида, ҳамчун чароғи ҳидоят барои фардои дурахшони Тоҷикистон хидматгузор гардид.

Дар баробари ин, истиқлолияти давлатӣ дар назди миллати бофарҳанги тоҷик масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди ҳифзи истиқлолияти давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фаҳангӣ, инчунин талаби бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда расонидани ин рисолати таърихиро тақозо намуд.

Зикр намудан бомаврид аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳо карда бошанд ҳам, вале он бо сабабҳои гуногун амалӣ нагардиданд. Зеро вазъияти сиёсии он замон имконият намедод, ки мутобиқ ба шароити истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ созмон дода шавад.

Сарфи назар аз қабул гардидани якчанд санадҳои ҳуқуқӣ оид ба ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳ, ба Ҳукумати онвақта муяссар нагардид, ки Артиши миллии Тоҷикистонро таъсис диҳанд.

Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба қудрати сиёсӣ расидани фарзанди ҷонфидои миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт.

Қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои мусбати худро доданд. Сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ барқарор карда шуд, пеши роҳи хатари нобудшавии халқу миллат гирифта шуд, оташи ҷанги шаҳрвандӣ батадриҷ хомӯш гардид, ба марҳалаҳои ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид гузошта шуд.

18 декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба души Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Аз дигар ҷониб ба тавсиб расидани чунин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.

Хизмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунии зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз рӯйи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза бо ин қувваҳои ҷиноятӣ ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал барорад.

Воқеан, таҷрибаи лашкардорӣ дар низоми давлатдории миллии мо аз умқи таърих сарчашма гирифта, ғояҳои баландмазмуни тақвиятдиҳандаи эҳсоси ватандорӣ ва ҳифзи марзу бум аз таҳдиду хатарҳои душманони миллат меҳвари асосии низоми ҳарбии моро ташкил медод.

Оид ба инкишоф ва иқтидори баланди санъати ҳарбии Мовароуннаҳр ва Хуросон асарҳои зиёди таърихию бадеӣ офарида шудаанд. Мафҳумҳои ҳарбӣ дар дастхатҳои замони Ҳахоманишиҳо, замони Сосониён дар асари “Гуштоспнома” ва бахусус дар аҳди Сомониён дар “Шоҳнома” ва “Қобуснома” инъикос ёфтаанд. Оид ба инкишоф ва нақши ҳарбиён, инчунин оид ба иқтидори ҳарбии замони Сосониён тадқиқотчии рус К.А.Инострансев кори илмӣ анҷом додаст.

Кофтуковҳои бостоншиноси рус Г.А.Пугаченкова, ки дар Хоразму Ниссо гузаронида шудааст, аслиҳаҳои ҷангии замони Сосониёнро ёдоварӣ мекунад.

Дар замони давлатдории миллии тоҷикон Сомониён бошад, таъмини гвардияи подшоҳӣ ва ташкили ҳамаи корҳои ҳарбӣ бар ихтиёри девони «Соҳиб-уш-ушрот» вогузор шуда буд (Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миённа. Ҷилди якум. -Душанбе. 1998. С. 455). Ҳамзамон, дар назди девони мазкур конселярияи махсус – «девони арз» ба хазинаи қӯшун, ҷараёни пардохти маоши низомиён чор маротиба дар як сол, интизоми лашкар, сарулибоси ҷангӣ ва таъмини озуқаворӣ роҳбарӣ мекард. Мисол, буҷаи умумии ҳукумати Сомониён агар дар Хуросон тақрибан 45 миллион дирамро ташкил мекард, аз ин маблағ 20 миллион дирам барои таъмини мансабдорону амалдорони давлатӣ ва нигаҳдории қувваҳои мусаллаҳ хароҷот мешуд. Лашкари Сомониён ба ду намуд: тарбияи кадрии доимӣ ва қӯшуни халқии муваққатӣ ҷудо мешуд.

Масъалаи дигаре, ки далели таҷрибаи артишдорӣ ва роҳнамоии насли ин миллат барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ баромад менамояд, ҳамосаи (эпоси) сатҳи ҷаҳонии мо тоҷикон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки «Шоҳнома»-ро вобаста ба мавзӯи асосии он «Ҷангнома» номидаанд ва ин қиёс ба он хотир омадааст, ки он соропо ифодагари далерии мардуми тавонманди Мовароуннаҳру Хуросон буда, аз онҳо даъват шудааст, ки бар зидди бегонагон, яъне душманон дар мавқеи мубориза қарор дошта бошанд. Тасвири набард дар корзори Фирдавсӣ чунон устокорона суханварӣ шудаанд, ки ин ҳунари шоир гувоҳӣ аз огаҳии ӯ перомуни масъалаҳои низомист.

Сюжети асосии «Шоҳнома» аз оғоз то анҷом фарогири ҳарфи сулҳу оштӣ, ҷангу ҷидол, ҳарбу зарб мебошад ва дар паҳлуи он аз равиши ҷангу мубориза ва чорасозии паҳлавонони майдон ҷиҳати барканор сохтани душман низ дарак медиҳад.

Ба гуфтаи донишманди лаҳистонӣ Т.Ковальский «Шоҳнома» асарест ифодагари мафҳумҳои амалиёти низомӣ, номгӯи қаҳрамониҳои ҷанговарон, ҳайати фармондеҳон, дараҷаҳои низомӣ ва ифодагари майдони набард мебошад. Луғатшиноси Шӯравӣ Ф.Т.Сороколетов бошад, чунин гуфтааст: «Танҳо мазмун ва ғояи асар зарурати истеъмоли луғати ҳарбиро ошкор хоҳад кард». Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки «Шоҳнома» ба он андоза фарогири мафҳумҳои рамзӣ мебошад, он дар таърихи адабиёти ориёӣ беҳтарин таҷассумкунандаи ҳунари низомии мардум мебошад.

Замони Фирдавсӣ даврае буд, ки мавҷудияти давлати Сомониёнро ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ ва муборизаҳои байнихудии дохилӣ дар зери хатар мегузоштанд. Дар чунин шароит ғояҳои ҳимояи Ватан, садоқат ба он, муттаҳидшавӣ, қаҳрамонӣ ва далерӣ, ки дар «Шоҳнома» инъикос ёфтаанд, аҳамияти калони ватанпарварӣ доштанд.

Инчунин қайд намудан лозим аст, ки таҷрибаи давлатдорӣ, офариниши механизмҳои идоракунӣ, алалхусус артишдории ниёгонамон буданд, ки бо истифода аз онҳо тавонистем артиши миллии Тоҷикистонро дар шароитҳои душвортарин таъсис дода, имрӯз бо сарбаландӣ онро дар сатҳи баланди омодагии касбӣ таҷлил намоем.

Тоҷикистон таъсиси Артиши миллии худро бе ягон заминаи моддию техникӣ, бе ягон таҳкурсии лозимӣ, яъне бе пойгоҳи асосии зарурӣ дар шароити бениҳоят вазнини иҷтимоию иқтисодӣ аз сифр, ки дар минтақаҳои кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, оғоз намуд. Он чӣ аз замони Шӯравӣ боқӣ монда буд, қудрат ва тавоноии ҳимояи як давлату миллати мустақилро надошт. Норасоиҳои миқдории зиёди техникию таҷҳизоти ҷангӣ, шумораи ангуштшумори мутахассисони соҳибтаҷрибаи низомӣ дар кишвар ба мушкилот гирифтор буданд. Дигар кишварҳои узви ИДМ бошанд, дар муқоиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳиссаи меросии худ соҳиби сармояи гарони иншооти ҳарбӣ ва лавозимоти техникии гуногун — силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ гардида буданд, Аммо кишвари мо, ки дар гирдоби моҷароҳои сиёсӣ қарор гирифта буд, соҳиби ягон саҳми ҳамзистии ҳафтодсола дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нагардид.

Давраи ташаккулёбии артиш ба замоне рост омад, ки ҷумҳурӣ дар гирдоби ҷанги дохилӣ печида, душманони давлату миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд, ба раванди рушду инкишоф, мустақилият ва низоми муайяни зиндагӣ халал ворид намоянд.

Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, Артиши миллӣ дар набардҳои вазнини барқарор намудани сулҳу оромии сартосарӣ дар минтақаҳои кишвар баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии мамлакат талошу ҷонбозиҳои шоистаро анҷом дода тавонист.

Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ афсарону сарбозон Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд

Дар чунин айёме, ки хатар ба ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидию якпорчагии Тоҷикистон таҳдид мекард, маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона ва дастгирию ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт, ки барои таъмини суботу оромӣ ва амният дар кишвар, заминаи боэътимод гузошт.

Аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон 23–уми феврали соли 1993 доир гардид, ки ҷавонони ватанпарасти кишварамон бо ифтихори миллӣ дар сафи он гузаштанд. Барои тарбияи мутахассисони касбии ҳарбӣ садҳо ҷавонони тоҷикро ба омӯзишгоҳҳои олии низомии Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо фиристода шуданд, ҳамчунин, дар Тоҷикистон муддати кутоҳтарин коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ, сарҳадӣ, донишкадаи олии ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

Бо фармону дастурҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 июли соли 1993, таҳти №296–13 қароре ба тавсиб расид, ки тибқи он сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайяну мушаххас сохт. Инчунин, зимни ин қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Дастгоҳи Марказии Вазорати мудофиаи кишварамонро тасдиқ намуд. Дар рафти таъсисдиҳӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми августи соли 1994 ин масъаларо аз сари нав мавриди баррасӣ қарор дода, сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти вазъияту шароити муосир зимни қарори № 440–9 мутобиқ гардонида, тағйиру иловаҳо ворид намояд. Тибқи санади мазкур сахтори роҳбарият, Дастгоҳи Марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Артиши миллии кишвар мушаххасу муайян карда шуд.

Ҳамзамон, батадриҷ мақомоту хадамот, раёсату шуъбаҳои роҳбарикунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис дода шуда, ташаккул ёфтанд. Дар асоси сохтори тасдиқгардида барои такмили мудофиавии нерӯҳои хушкигард, ҳарбии ҳавоӣ, ҳимояи зиддиҳавоӣ, бригадаи зарбазани десантӣ, бригадаҳои таъйиноти махсус, тӯпчиён, раёсатҳои тиббию ҳарбӣ, кимиёвӣ, сохтмонӣ, муҳандисӣ, алоқа, кашфи ҳарбӣ ва ғайра таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд (Акбаров С. Артиши миллӣ дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон. 18.02.2020. https://mts.tj)

Заминаи аввалияи ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмӯи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-декабри соли 1992 ташкил карда шуд.

Артиши миллии Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккулёбии худ се марҳиларо паси сар намудааст:

1. ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ;

2. бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷобаҷогузории онҳо;

3. таҳкиму тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ.

Дар марҳилаи аввал давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сафи Артиши миллиро аз ҳисоби хизматчиёни сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, размандагони Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон ва даъвати шаҳрвандони дорои ихтисоси ҳарбӣ, ки дар захира буданд, пурра намуда буд.

Вазифаи муҳими дигар ин масъалаи эҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул, танзим ва ҷобаҷогузории Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт.

Дар ин замина 25 июни соли 1993 Қонун “Дар бораи мудофиа” (дар таҳрири нав аз 4 ноябри соли 1995), 13 декабри соли 1996 Қонун “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 августи соли 1997 Қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” (дар таҳрири нав аз 29 ноябри соли 2000) қабул гардиданд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, балки шумораи онҳо, таъмину нигоҳдорӣ ва ҳаҷми маблағҷудокунии буҷетиро муайян намуд, инчунин масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим дароварда, марҳилаи наверо дар такмили он ҳамчун сохтори ҳарбии давлатӣ бунёд намуд.

Инчунин, дар ин давра якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ қабул гардидаанд, ки фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро боз ҳам мустаҳкам намуданд. Дар қатори чунин санадҳои муҳим дар самти фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардидани “Оиномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оиномаи саффороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оиномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва “Оиномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд.

Аз таъсисёбии Артиш муддати зиёд сипарӣ нашуда, ба души он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим — таъмин намудани субот ва амнияти кишвар вогузошта шуд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои авали таъсисёбиааш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки ҷараёни такмил ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ, ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибии он ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ то ба имрӯз давом дорад.

Зеро Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ ва таъмини онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, сарфи назар аз душворию мушкилоти зиёд ҳамеша кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст.

Дар ин замина ҳанӯз то охири соли 1993 муҳимтарин қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти системаи амнияти миллӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи амният”, “Дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ” ва “ Дар бораи таъсиси Қушунҳои сарҳадии Вазорати амният” ба тавсиб расиданд, ки дар роҳи таъмини нерӯи мудофиавии Тоҷикистон қадами ҷиддие буд.

Соли 1995 барои Қӯвваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли оғози дигаргуниҳои кулли ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд то соли 1995 бо вуҷуди мушкилиҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дар таъсиси қисму воҳидҳои бузургу хурди ҳарбӣ корҳои зиёд анҷом дода шуда бошанд ҳам, вале бунёди муназзами Қӯвваҳои Мусаллаҳ аз соли 1995 оғоз гардид, ки ду марҳилаи инкишофро дар бар мегирифт.

Марҳилаи аввал ба солҳои 1995-1997 рост меояд, ки бо таҳия ва тасдиқ намудани сохторҳои ташкилию штатии мақомоти идорӣ, воҳидҳои бузурги ҳарбӣ, ҷойгиркунии қисмҳои ҳарбӣ, ташкил намудани системаи ягонаи идораи қушунҳо ва таҳияи қонунгузорӣ дар ин самт вобаста мебошад.

Марҳилаи дуюм ба солҳои 1998-2000 рост меояд, ки ба анҷом расонидани бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ, муайян намудани самтҳои минбаъдаи инкишофи он, ташкил намудани системаи устувори идораи нерӯҳои мусаллаҳ вобаста ба вазъиятҳои гуногун ба шумор меравад.

Соли 1998 роҳбарияти Вазорати мудофиа натиҷаҳои марҳилаи аввали бунёди дигаргунсозиҳои ташкилиро ҷамъбаст намуда, ба иҷрои нақшаҳои марҳилаи дуюм оғоз намуд, ки тибқи он бояд вазифаҳои мувофиқаткунонии сохторҳои ташкилию штатӣ бо шумораи барои Қувваҳои Мусаллаҳ муайяннамудаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва интизоми ҳарбӣ дар қӯшунҳо ва ҳамоҳангкунонии фаъолияти воҳидҳо ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ анҷом дода мешуданд.

Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба ҷараёни такмил ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва пурзӯр намудани масъулияти сохторҳои низомӣ дар таъмини амнияти миллӣ фармонҳои Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои боз ҳам беҳтар кардани тарбияи мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ”, “Дар бораи Гвардияи миллӣ”, “Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ” ба тавсиб расиданд, ки раванди ин дигаргунсозиҳоро боз ҳам вусъати тоза бахшид.

Дар ин замина Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имконият пайдо намуданд, ки маҳорату малака ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро ба сатҳи баландтар бардоранд, идораи ягонаи ҳарбиро ба роҳ монанд, вазифаҳои ҷангии қушунҳоро муайян намуда, ҳамоҳангии онҳоро бо дигар ҷузъу томҳои низомӣ ба роҳ монанд.

Дар ибтидои соли 1999 дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ — Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зидди ҳавоӣ ва қувваҳои ҳарбии зиддиҳавоӣ, инчунин дар соли 2003 бошад, Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа таъсис дода шуданд. Илова бар ин дар Қувваҳои Мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида, Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки ба зиммаи он вазифаҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама роҳбарии мутамарказ ба ҳамаи ситодҳои сохторҳои қудратии малакат, омӯзиши вазъи ҳарбиву сиёсӣ, муайян кардани дараҷаи хатари ҳарбӣ ва омодагии ҳарбиву тактикии ситодҳо ва қӯшунҳо вогузор шудаанд.

Дар баробари ин таҳия ва қабули “Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои мушахас дар таҳкими Артиши миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ буданд.

Вобаста ба зарурат ва муҳимоти арзишманд ба шумор рафтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханронӣ ва вохӯриҳои хеш бо хизматчиёни ҳарбии мамлакат ёдоварӣ менамоянд. Далели гуфтаҳои мазкур иштирок ва суханронии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки санаи 22.02.2020. баргузор гардид, буда метавонад. Зимни суханронии худ Пешвои муаззами миллат хосатан таъкид намуданд, ки “Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ саҳми басо аришманд гузоштаанд.

Бояд иқрор шуд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар он солҳои фоҷиабори таърихи кишварамон ба муқовимати шадиди нерӯҳои дар хориҷи кишвар таълимдидаи хоинону душманони миллати тоҷик ва дигар амалиёту муборизаҳои махсус қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, дар ин роҳ ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд”.

Мақомоти корҳои дохилӣ низ дар замони истиқлолияти давлатӣ бо чунин мушкилоти ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ гардида, минбаъд ба талаботи замон мутобиқ гардонида шуда, таъсису азнавсозиҳои гуногуни сохториро аз сар гузаронидааст.

Яке аз сохторҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ Раёсати қушунҳои дохилӣ ҳисоб меёбад, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон вазифадор мебошад.

Дар ин айём, Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз вазъияти мураккаби сиёсии ибтидои солҳои истиқлолият, ҳамоно бо қасами ҳарбӣ содиқона, вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд. Иншоотҳои махсусан муҳимми давлатиро нигоҳбонӣ карда, дар ҳифзи амнияту оромии мардум, риояи тартиботи ҳуқуқӣ саҳми арзанда доштанд.

Қӯшунҳои дохилӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (28 декабри соли 1993) ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва ташкилоти ҳарбии он буда, барои иҷрои вазифаи хизматӣ-муҳорибавие, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, дар назар дошта шудаанд. Қӯшунҳои дохилӣ барои муҳофизаи амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати он дохил мегарданд.

Вазифаҳои он асосан аз мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва назми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда, посбонӣ ва муҳофизаи объекту иншоотҳои махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсус, иштирок дар мубориза бар зидди терроризм, иштирок дар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои нохуш, офатҳои калон ва дигар ҳолатҳои фавқулодда иборат аст.

Қушунҳои дохилӣ чун узви таркибии мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба мушкиливу душвориҳои вазъи сиёсӣ дучор гардида, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани авзои ҷомеа ва мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, инчунин барҳам задани кӯшишҳои гурӯҳҳое, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, аз худ шуҷоату матонат нишон дода, ба ҳадафҳои неки сулҳҷӯёна ва мақсадҳои бунёдкоронаи худ расиданд.

Дар ин мубориза ва набардҳо барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ беш аз 2000 нафар сарбозону афсарони мақомоти корҳои дохилӣ ҷон бохтанд.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”.

Воқеан, ҳазорҳо нафар фарзандони содиқи Ватан ҷони худро аз даст дода, садҳо нафари дигар маъюбу маҷрӯҳ гардиданд, ки мо қаҳрамонию корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.

Қӯшунҳои дохилӣ худро ҳамчун ҳомии сулҳу осоиш ва тартиботи ҷамъиятӣ дар кишвар нишон доданд. Роҳбарияти Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон ба Қӯшунҳои дохилӣ эътимоди комил пайдо карда, онро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд. Бо фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 1992, №013 ва аз 3 апрели соли 1992, №014 сохтори Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ тасдиқ карда шуд, ки Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои ҳарбии 6593 (дар ш.Душанбе), 5453 (дар ш.Душанбе), 5536 (дар ш.Хуҷанд), 5537 (дар ш.Қурғонтеппа), 3501 (дар ш.Табошар) ва Баталиони алоҳидаи таълимиро (дар ш.Турсунзода) дар бар мегирифт.

Раванди таърихии дар боло зикргардида танҳо якуним сол пас, яъне бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 таҳти №147-7 ба расмият дароварда шуда, бо назардошти вазъияти мураккаби сиёсии кишвар ва таҳдиди воқеӣ ба истиқлолияти давлати навбунёди Тоҷикистон, ҷиҳати такмили Қӯшунҳои дохилӣ, ки дар ин давра ягона сохтори ҳарбии ташаккулёфта ҳисоб мерафт, зарурат ба миён омад ва дар ҳайати он қисмҳои ҳарбии нав — 3974, 3551, 3571 ва 3502 таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ Қӯшунҳои дохилӣ давоми солҳои 1992-1995 — 10 қисми ҳарбии алоҳидаро бо теъдоди умумии зиёда аз 10 000 нафар ҳайати шахсӣ дар бар мегирифт.

Бо шомил шудан ба Вазорати корҳои дохилӣ Қушунҳои дохилӣ ба қувваи муқтадири давлатӣ, зарбазан, зудамал ва ҳалкунанда табдил ёфтанд, ки минбаъд саҳми муҳимро дар ором сохтани вазъи дохилии ҷумҳурӣ гузоштанд (Вазорати корҳои дохилӣ — такягоҳи боэътимоди истиқлолият. Душанбе. -2011. С. 96).

Бо ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ дар кишвар, барқарор шудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори Сулҳи тоҷикон, теъдоди ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ихтисор карда шуда, қисми ҳарбии 3571-и он ба Гвардияи Президентӣ табдил дода шуд ва як теъдоди муайяни ҳайати шахсии он ба ҳайати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон шомил карда шуд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 таҳти №855 қисми ҳарбии 6593 ба ҳайати Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Бо назардошти афзоиши таҳдиди қувваҳои исломигаро дар Ҷумҳурии Афғонистон ва башиддат баланд рафтани сатҳи хатари терроризму экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2011 таҳти №515- 19 теъдоди ҳайати шахсӣ зиёд карда шуда, қисми ҳарбии 3503 бо қароргоҳ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хоруғ таъсис дода шуд.

Афсарон, прапоршикон ва сержантону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали ташкилёбии қӯшун намунаи ибрати тамоми ҳайати шахсии сохторҳои ҳарбии кишвар буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Мо шоҳиди онем, ки дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон доданд. Инҷо маҳз хизматҳои афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-ро оиди таъмини амнияти вакилони мардумӣ дар давраи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд таъмини амнияти ҳайати нави Ҳукумати тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи интиқол ба пойтахти ҷумҳурӣ қайд намудан бамаврид аст.

Ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 5453 ва 3502 дар рафти амалиётҳои махсус оиди безараргардонии гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳ ҳамеша пешсафи тамоми набардҳо буданд. Ҳудуди амалиётҳои ҷангии ин ду қисми ҳарбӣ дар давраи барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистон қариб тамоми масоҳати марказ ва ҷануби кишварро фаро мегирифт. Ин қисмҳои ҳарбӣ аз ибтидои соли 1993 то 2001 дар амалиётҳои ниҳоят мураккаб ва хавфноки дар дараи Ромит, ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, водии Вахш ва минтақаи Рашту Тавилдара гузаронидашуда фаълона иштирок намуда, дар рафти он маҳорати баланди касбӣ нишон доданд. Дар рафти амалиёти махсус оиди аз гурӯҳи мусаллаҳи тавассути шимоли кишвар ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридгардида тоза намудани минтақа низ ҳайати шахсии ин қисмҳои ҳарбӣ аз худ мардонагию матонати хос нишон дода, вазифаи ҷангии дар наздашон гузошташударо бо сари баланд ва масъулияти хос иҷро намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи қисми низомии 3502 (26 августи соли 2014) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯри бо афсарону сарбозони Қушунҳои дохилӣ аз корнамоӣ ва ҷоннисориҳои кормандони ин ниҳод ёдовар гардида, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Қӯшунҳои дохилӣ, бахусус афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5453 қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар бисёр амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалҳои террористӣ ва ошӯбҳои зиддиконститутсионӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ аз сарҳадҳои ҷанубии кишвар то ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону вилояти Суғд амалиётҳои гуногунро ҷиҳати халъи силоҳ ва безарар гардонидани дастаҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, таъмини амнияти мардум, ҳифзи иншоотҳои муҳим ва махсусан муҳими давлатӣ иҷро мекарданд.

Сохторҳои Қӯшунҳои дохилӣ супоришҳои махсусан муҳимро баҳри барҳам задани мухолифати дастаҳои силоҳноки ғайриқонунӣ, таъмини амнияту бехатарӣ, ҳифзи тартиботу низоми давлатӣ дар минтақаҳои дохили ҷумҳурӣ иҷро намуда, сазовори боварии давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои муаззами миллат гардидаанд.

Барои баланд бардоштани руҳияи ватанпарварӣ ва маҳорати ҷангии сарбозони Қушунҳои дохилӣ роҳбарияти давлату Ҳукумат пайваста талош менамоянд. Таҷҳизонидани ҷузъу томҳо бо техникаву лавозимоти замонавии ҷангӣ, руҳияи устувори хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро боз ҳам дилпурии комил бахшид. Ин имконият фароҳам меорад, ки вазифаҳои аз тарафи давлат дар наздашон гузоштаро бо сатҳи баланди омодагии касбӣ доимо иҷро намоянд.

Имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

Бояд гуфт, ки набзи сиёсии ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки хатарҳои глобалии замони нав ҳар лаҳза метавонад ба амнияти кишварҳо таҳдид кунад. Ё худ ҷомеаи имрӯза дучори шаклҳои нави муқовимати низомӣ гардад. Пӯшида нест, ки зуҳуроти терроризму экстремизм, ки аз ҷумлаи фаъолтарин хатарҳои ҷаҳонист, сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Афзудани дигар хатарҳои ба сулҳу суботи сайёра, бахусус минтақа таҳдидкунанда, яъне қочоқи маводи мухаддир ва авҷ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ки қасди ноором сохтани вазъи сиёсиро доранд ва имрӯз раванди рушду инкишоф ва тараққиёти кишварамонро халалдор карданӣ мешаванд, кормандони тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаро водор месозад, барои рафъ ва барҳам задани ҳадафҳои душманона, омода бошанд. Зеро Тоҷикистонро ба ҷуз, фарзандони бонангу номуси диёр, содиқ ба Ватан, каси дигар ҳифз наменамояд.

Бинобар ин, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба ҳар гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ дар пайи тавсеаи фаъолияти худ машқу тамринҳои доимӣ гузаронида дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ омода мебошанд.

Баҳои сазовори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин рӯзи фараҳбахш ёдрас гардидан, бомаврид аст:

«Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи муқаддаси фарзандона ва мояи ифтихору шарафи бузург аст. Артиш ин мактаби шуҷоат, далерӣ, бародарӣ, рафоқат, худшиносӣ ва ватандӯстии ҳар як ҷавонмард аст. Қарзи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сулҳи устувору тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ягонагии миллии халқи онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки халқ, падарону модарон ва бародарону хоҳарон дар симои ҳар яки мо ҳомиёни асили Ватан, замини аҷдодӣ ва марзу буми онро мебинанд».

Бояд ёдовар гардид, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба иқтидору тавоноии Артиши миллӣ зиёд гардида, барои онҳое, ки посдори суботу оромӣ, амнияти кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардум ҳастанд, ғамхории зиёд зоҳир менамоянд.

Натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷ, вохӯрӣ ва гуфтушуниди судманд аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон бо роҳбарони онҳо ва дар ин замина тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобиланд судманд дар самти омӯзиши кадрҳо имкон дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфта, дорои техникаи ҳарбии муосир, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамон, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.

Бо мақсади муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирии паҳншавии экстремизми сиёсӣ, ҳамчунин сайқал ёфтани омодагии ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он бо кишварҳои хориҷи дуру наздик машқҳои якҷояи ҳарбӣ доир мегарданд. Ҳангоми иштирок дар чунин машқҳо мушоҳида мегардад, ки воқеан ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз дорои иқтидори баланди мудофиавӣ гардида, ба таври назаррас такмил ёфтаанд.

Гузаронидани машқҳои тактикии муштарак бо Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишон дод, ки ҳолати омодабошӣ ва малакаи ҷангии афсарону сарбозони мо дар сатҳи баланд қарор дошта, борҳо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардид.

Вобаста ба ин масъала, алалхусус вазъи тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чунин зикр намуданд, ки Мутаассифона, имрӯз ҷаҳони моро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, сиёсисозии дин аз ҷониби доираҳои манфиатҷӯ, низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва ҳолатҳои ҳамчун василаи сиёсӣ истифода гардидани нерӯи низомӣ фаро гирифтааст.

Омилҳои мазкур суботу амнияти минтақаҳои гуногуни оламро ҷиддан ноустувор гардонида, оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор меоранд.

Чунин таҳаввулоту ҳодисаҳои харобиовари солҳои охири сайёра, аз ҷумла вусъатёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон моро водор месозанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, иқтидори мудофиавии мамлакатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо пайгирона тақвият бахшем.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо дарназардошти вазъи бисёр ноороми ҷаҳон бояд маҳорату малакаи касбӣ ва ҷангии худро пайваста такмил диҳанд”.

Ҳушдорие, ки Пешвои муаззами миллат ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ироа намуданд, моро водор месозад, ки баҳри таъмини амният, суботи сиёсӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар бо таваҷҷуҳ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тамоми нерӯ ва малакаи касбии хешро сарф намуда, аз ҳарвақта дида бештар чораандешӣ намоем.

Ҳамзамон, оид ба масъалаи омодабошии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд, ки Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд” (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ. 26.12.2019).

Имрӯз барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон Қӯшунҳои дохилӣ тамоми шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, ошхона, ҳаммом, сартарошхона, сехи дузандагӣ, ҳуҷраи интернетӣ, толори маҷлисгузаронӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, ҳуҷраи вохӯрии сарбозон бо падару модар, наздикон, ва ҳамсаронашон, алоқаи телефони мобилӣ барои тамос бо наздиконашон, майдонҳои машқи тактикӣ, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ барои обу тоби бадан муҳайё карда шудааст, ки онҳо аз ин самаранок истифода мебаранд. Беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ омӯхтани касбу ҳунар машғулият мегузаронанд.

Пешвои миллат дар суханронии худ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таъкид карданд, ки масъулини қисмҳои ҳарбӣ ба сарбозони оиладор имтиёзи ҳар чӣ бештар барои дидорбинии ҳамсару фарзандон диҳанд ва ба сарбозон падарона муносибат карда, дар лаҳзаҳои зарурӣ онҳоро дастгирӣ намоянд.

Инчунин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ омӯзад, то ин ки баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ омӯхтани касбҳои гуногун, аз қабили тамоми шароиту восита омода гардидааст.

Шароити моддӣ-маишии сарбозон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар гардида, онҳо бо сару либоси замонавӣ, ҳуҷраҳои хуби хизматрасонӣ, анвои хӯрданӣ, меваҷоту сабзавот тамоми фасли сол таъмин мебошанд.

Қайд кардан бомаврид аст, ки дар арафаи ҷашну маъракаҳо волидайни сарбозон даъват карда шуда, онҳо аз наздик бо шароити хизмати фарзандонашон ошно мегарданд.

Фазои муътадил, ҳолати хуби рӯҳию равонӣ, муоширати дуруст дар байни хизматчиёни ҳарбӣ омили муҳими пешрафти хизмат ба шумор рафта, дар ин ҷода Пешвои миллат таъкид карданд, ки рафтору гуфтор дар байни афсарону сарбозон дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. Ба амалҳои номатлуб, аз қабили вайрон намудани муносибатҳои оинномавӣ, истифодаи зӯроварӣ нисбат ба зердастон, лату кӯб, расонидани зарар ба саломатӣ, дағалӣ, даст ба худкушӣ задан, таъзиқу фишор роҳ дода нашавад ва дар қисмҳои низомӣ фазои солим ва муҳити хушоям бояд ҳукмфармо бошад. Дар сурати барҳам надодани чунин ҳолатҳои манфӣ, он боиси коста гардидани иқтидори ҷангӣ ва обрӯи давлату миллат ва мақомот мегардад.

Имрӯз дар баробари мардон занон низ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар содиқона хизмат намуда, шарафу номуси ватандориро ҳифз менамоянд. Баҳои баланди Сарвари давлат ба корманд-занон, ки дар паради ҳарбӣ қобилияту мақоми баланди худро нишон додан, шаҳодати эътимоду боварӣ ба мавқею мартабаи занон дар ҷомеа мебошад.

Пешвои миллат, дар суханронии худ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ ҷиҳати ҳавасманд кардани сарбозон чораҷӯӣ намоянд, яъне барои чунин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян пешбинӣ карда шаванд, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд

Зимни ба вазифаҳои масъули давлатӣ қабул намудани ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи онҳо ба назар гирифта шавад.

Инчунин, минбаъд шаҳрвандон ба кор дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабул карда шаванд.

Бахши дигаре, ки дар суханронии Пешвои муаззами миллат бахшида ба 27- солагии Қувваҳои Мусаллаҳ садо доданд, масъалаи тарбияи ҳарбӣ–ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Аз ҷумла зикр гардид, ки Дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишвар бо мақсади таҳкими интизоми ҳарбӣ, ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои террористиву экстремистӣ ба мафкураи онҳо бояд мунтазам чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Инчунин, зарур аст, ки дар байни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар машғулиятҳои алоҳида вобаста ба омӯзиши таърих, адабиёт, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ роҳандозӣ гарданд”.

Воқеан афсарону сарбозон бояд дар чунин рӯҳияе тарбия карда шаванд, ки барояшон таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошанд ва ҳифз кардани онҳоро барои худ қарзи фарзанд ва шарафи бузург донанд.

Масъалаи омода намудани ҷавонони содиқу вафодор ва ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Бинобар ин, ташкили нақша-чорабиниҳои мушаххас дар ин самт бояд фарогири фаъолияти дастаҷамъонаи ҳамаи ниҳодҳои идоракунӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.

Дар ин замина Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш чунин таъкид намуданд, ки “Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ – аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, инчунин, дигар қонунҳо бошанд.

Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд”.

Ин нуқта дар санади олии қонунгузории кишвар низ чунин сабт гардидааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст” (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 43.Душанбе. -2016).

Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва умуман ҳар сокини бонангу номуси Ватан мебошад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти босамари мо изҳори боварӣ намуда, барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи шикастнопазри ватандӯстона ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ, далериву шуҷоат, садоқату вафодорӣ, ҳифзи зиндагии осоиштаи сокинони Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон тақозо намуданд.

Савганд

Қасам ба номи модару ба миллатам,

Қасам ба номи Сарвару ба давлатам.

Қасам ба қатраҳои хуни пайкарам,

Қасам ба ҳар муқаддасоти кишварам.

Қасам, қасам ба Парчаму Нишони он,

Қасам ба мағзрезаҳои нони он.

Қасам ба азми халқи сулҳпарварам,

Қасам ба сарзамини ваҳдатофарам.

Кунем, лозим оядо, нисор ҷону тан

Барои ҳифзи марзу буми ин Ватан.

Ба нақди ҷон қасам, ба ӯ вафо кунем,

Вуҷуди худ ба ҳастияш фидо кунем.

Қасам ба хоки нарму санги сахти он,

Қасам ба кӯҳу дашту ҳар дарахти он.

Қасам ба хандаю нишоти кӯдакон,

Қасам ба номи ҳар фидоии замон.

Қасам ба рӯҳи рафтагони ин диёр,

Қасам ба ҷони додаи ду сад ҳазор.

Қасам ба ҷоннисории гузаштагон,

Қасам ба қисмати ятимгаштагон.

Кунем, лозим оядо, нисор ҷону тан

Барои ҳифзи марзу буми ин Ватан.

Ба нақди ҷон қасам, ба ӯ вафо кунем,

Вуҷуди худ ба ҳастияш фидо кунем.

Ба қалби дардноки модарон қасам,

Ба ҳастию умеди хоҳарон қасам.

Ба сидқу ҳам сафои марду зан қасам,

Ба обу ҳам ҳавои ин Ватан қасам.

Ба лавҳи хотироти рафтагон қасам,

Ба ёди неки хокхуфтагон қасам.

Ба ин мақому ҳам мароми он қасам,

Ба ин ниҳоду ҳам низоми он қасам.

Кунем, лозим оядо, нисор ҷону тан

Барои ҳифзи марзу буми ин Ватан.

Ба нақди ҷон қасам, ба ӯ вафо кунем,

Вуҷуди худ ба ҳастияш фидо кунем!

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.