Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳоли табоҳи Осорхонаи Бадахшон

Муҳаммади Султон як корбари шабакаи иҷтимоӣ дар саҳифаи фейсбукии худ аз вазъи харобиовари Осорхонаи Бадахшон ва ҳоли табоҳи экпонатҳои таърихии он изҳори нигаронӣ кардааст.

Чунончӣ ӯ менависад, ёдгориҳои нодиру нотакрори диёри Бадахшон – порае аз хоки Ватани аҷдодӣ аз ҳувияти баланди мардуми ин сарзамин, рамзи қадридониву гиромидошти таърихи соҳибтамаддунашон дарак медиҳанд.

Мутаассифона, на дар гузаштаҳо ва алалхусус, даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ тӯли 28 сол натавонистанд ва ё нахостанд, ки дар маркази ин вилоят Осорхонаи таърихиву кишваршиносии сазовори ин мардумро бунёд созанд. Чуноне маҷмааҳои муштамеъе (қасрҳои бошукӯҳе) ба ин муносибат дар шаҳри Кӯлобу Хуҷанд арзи ҳастӣ намудаанд.

Ду моҳ қабл — 6 – уми сентябр Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоятии шаҳри Хоруғ 75 – сола шуд. Он ҳанӯз замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1944 – ум таъсис ёфта буд. Аксари ашёҳои нодири асрҳои пешин, ки солҳои қабл (асосан даврони Иттиҳоди Шӯравӣ) ба маърази намоиш гузошта мешуданд, баъдан аз танқисии ҷойи мувофиқ дар таҳхонаҳои тангу тор ба куллӣ ва бебозгашт нобуд гаштаанд.

Аз ин рӯ масъалаи ба наслҳои оянда ба ёдгор мондани таъриху тамаддуни куҳани кишвари бостонии Бадахшон торафт бештар зери суол мемонад… Алҳол осорхона, ки бинои худро надорад, беш аз 12 ҳазор экспонатҳоро дар ошёнаи дувуми театри кӯҳна гирд овардааст, ки имкони ҳатто нисфи онҳоро ба намоиш гузоштан мавҷуд нест.

Дар муқоиса осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии шаҳри Кӯлобро гирем, ки таззоди рӯирост аст. Он ҳамагӣ соли 1978 — ум – ҳамчун осорхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1985 – ум ба вилоятӣ ва аз соли 2005 – ум чун Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявӣ даруни бинои маҷмааи муштамеъи муҳташаме амал мекунад. Пас Осорхонаи Бадахшон – эҳёгари таъриху тамаддуни куҳандиёр, дар баробари дигар паҳлуҳои зиндагиву мушкилоти ин мардум, чун қоидаи солҳои охир фарзанди модари ӯгай будааст?

ДАР АКС: ҳуҷрачаи назарногиру танги намоишгоҳи Осорхонаи вилоятии Бадахшони кӯҳӣ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.