Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳабси «блогер» барои таҳдиди паррондан бо таппонча(видео)

Кормандони милитсияи пойтахт ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар навори видеоииаш дар Инстраграм худро “блогер” муаррифӣ карда, бо таппонча дар даст таҳдид мекунад, ки ҳамаи “одамони бахил”-ро мекушад.

Бино ба иттилои РВКД ин нафар шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз Абдуваҳҳобович соли таваллудаш 03.11.2000 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зебунисо буда, дар саҳифаи интернетиаш худро ҳамчун «блогер» эътироф намудааст.

  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда ба хотири худнамоишдиҳӣ ва бо ин васила машҳур гардидану зиёд намудани сафи аъзоёни саҳифаи иҷтимоии интернетиаш ҳангоми қарордошт дар дохили автомашина таппончаи дар навор инъикосгардидаро гирифта, баъди сабти навори мазкур онро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр намудааст.

  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки яроқи дар навор истифода шуда, таппончаи газӣ буда, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мусодира карда шуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз барои нашри чунин навори таҳдидовар ва ба таҳлука овардани шаҳрвандон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.