«Ҷинбарор»-и занакдӯст ҳам пул гирифту ҳам…ва 4 соли зиндон

Абдулоев аз як зани сокини Хуҷанд ҳамчун ҳаққи хидмат 200 сомонӣ гирифта, ба болои ин, бо зани корафтода алоқаи ҷинсӣ ҳам кардааст.

Суди шаҳри Хуҷанд Ғайбулло Абдуллоев, сокини 72-солаи ҷамоати Бунҷикати ноҳияи Шаҳристонро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми ҳаракатҳои бадахлоқона бо сӯиистифода аз боварии динӣ (моддаи 142, иловаи 1) ва қаллобӣ (моддаи 247) гунаҳкор шинохта, ба 4 соли зиндони низомаш пурзӯр ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Абдуллоев бо ҳукми суд барои 4 сол аз ҳаққи фаъолияти динӣ низ маҳрум карда шуд.

Ғайбулло Абдуллоев занони ихлосманд ба усули табобаташро бовар мекунонд, ки онҳо дар баданашон ҷин доранд ва бо баҳонаи аз бадани онҳо берун андохтани ҷин ба ин занҳо наздикӣ мекард.

Ӯ аз ҷумла ба он айбдор дониста шуд, ки аз як зани сокини Хуҷанд ҳамчун ҳаққи хидмат 200 сомонӣ гирифта, ба болои ин, бо зани корафтода алоқаи ҷинсӣ ҳам кардааст.

Дар наворҳои фаврие, ки дар гузориш истифода шудааст, дида мешавад, ки Ғайбулло Абдуллоев як ҷавонзанро ба оғӯш кашида, бӯсаборон мекунад.
Ғайбулло Абдуллоев моҳи феврали соли ҷорӣ дастгир шуда буд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ҳамчунин аз боздошти як сокини 63-солаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон бо гумони ба манбаи пешбурди рӯзгораш табдил додани сеҳру ҷоду ва мардумфиребӣ хабар дод.

Содиқов Мирзошариф, сокини деҳаи Ҳалқаҷар дар манзилаш ба сеҳру ҷоду машғул гардида, байни мардум ҳамчун “муллои ҷодугар” ном бароварда буд.

Ба гуфтаи мақомот, Содиқов Мирзошариф бо сӯиистифода аз боварии динӣ корафтодагонро, ки аксарашро занон ташкил медоданд, бовар мекунонид, ки баъди “табобат”, яъне оби қайтарма, хунгирӣ аз пушти китфҳояшон сеҳру ҷоду аз баданашон дур гардида, мушкилашон рафъ ва роҳашон кушода мешавад.

Нисбат ба Содиқов бар асоси моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *