Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ӯро накуштаанд ӯ абадзиндааст!

мактаб
Турсунзода
Некруз
Деваштич

«Ин чорабинӣ пур аз ашк буд, вале ибратомӯз… Талх буд, вале инъикоскунандаи рӯҳи шикастнопазиру ватандӯстонаи ҷавонмардони тоҷик…»

Дар ноҳияи Турсунзода мактаберо ба хотири афсари кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ номгузорӣ карданд

Дар ноҳияи Турсунзода мактаберо ба хотири афсари кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ номгузорӣ карданд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и деҳаи Даҳбеди ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳия номи Некрӯз Ғафурзодаро гирифт, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ҷони худро фидо кард, хабар медиҳад сухангӯи шаҳрдори Турсунзода Фирӯз Холиқов.

Гуфта мешавад, шаҳид Некрӯз Ғафурзода низ дар ҳамин мактаб таълим гирифтаву ба камол расидааст. Ӯ 28 сол дошт ва соҳиби ду писар буд.

Некрӯз Ғафурзода, капитани Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон буд, ки 29 апрели соли ҷорӣ зимни муноқишаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон шаҳид шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин иқдом поси хотири фарзанди шуҷои кишвар гуфта мешавад, ки дар сарҳади давлатӣ корномаи беназир нишон доду ҷон дод.

«Ин чорабинӣ пур аз ашк буд, вале ибратомӯз… Талх буд, вале инъикоскунандаи рӯҳи шикастнопазиру ватандӯстонаи ҷавонмардони тоҷик…», — навиштааст Фирӯз Холиқов.

Манбаъ гуфт, маросими номгузории таълимгоҳ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва як қатор меҳмонон дар сатҳи баланд доир гардид.

Ёдовар мешавем, қаблан низ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кӯчае ба хотири гиромидошти қурбонии муноқишаҳои марзӣ Ҷасур Суярқулов гузошта шуд.

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилоияи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҳар ду тараф 55 нафар қурбон шуда, даҳҳо нафари дигар захм бардошт.

Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Суғд гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 19 нафар ҳалок шуда, 87 нафари дигар захм бардоштанд. Ҷонибҳо дар сар задани даргирӣ ҳамдигарро айбдор мекарданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 520 километр аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян боқӣ мондааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.