Ҳалокати 5 нафар дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзҳои 10-ум ва 11-уми декабр дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи садамаҳои нохӯшӣ нақлиётӣ 5 нафар ҷон доданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД дар шаҳри душанбе хабар медиҳад.

Тавре манбаъ мегӯяд рӯзи 10-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова», бе рақами қайди давлатӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ, шаҳрванд Мадаминов Муҳаммад Мадаминович, соли таваллудаш 1977, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, зани тахминан 40-45-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 11-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 08:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Пирназаров Фозилҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти гузаргоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти ноҳияи Шаҳритус, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба симчӯби бетонии хатти барқ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Пирназаров Обидҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Қубодиён, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигараш: Пирназаров Расулҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1984 ва Шерматов Ғуломҷон Муродович, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи мазкур ҷарроҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Рӯзи 11-уми январи соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Шаҳром Давлатмуродович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ҳисор-Душанбе”, дар ҳудуди деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҷидова Марзия Чориевна, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Чоряккорон ва ноболиғ Мирзобоев Достон Мақсадович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, сокини деҳаи Шуртуғайи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Маҷидова М.Ч. ва ноболиғ Мирзобоев Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол намудан, Маҷидова М.Ҷ. ба ҳалокат расидааст. Айни ҳол Ноболиғ Мирзобоев Д.М. дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Ҳамчунин санаи 11-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Баҳриддинзода Нуриддин Қутбиддин, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Қалъачаи Раиси ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Раҳимов Аҳтам Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Варзоб, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Раҳимов А. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҳасанова Мавзуна Бурҳоновна, соли таваллудаш 2001, донишҷӯи соли якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *