Ҳоҷӣ Мирзо дар бораи Ворух: Ҳамаи мо ворухием! (видео)

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии маъруфи тоҷик дар ин навор доир ба вазъияти баамаломада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар кардааст.

Ӯ мегӯяд, ки мардуми шарифи Ворух ҳеҷ гоҳ фикр накунанд, ки онҳо танҳоянд, балки дар ин вазъият мо ҳама тоҷикистониён ворухием.

Ин рӯҳонии шинохта дар муроҷиати худ ба ҳама тоҷикистониён таъкид мекунад, ки барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат бандем.

Ҳамчунин, Ҳоҷӣ Мирзо дар бобати шаҳид шудани шаҳрвандони кишвар гуфт, ки андӯҳгин аст ва дар ҳақи эшон дуо кард.

Муаллифи видеои мазкур Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҶТ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *