Ҳукми умрбод ба таҷовузкори духтарчаи се сола

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 9 июл Зиёев Юсуф Раҷабалиевичро бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтарчаи сесол ба ҳабси умрбод маҳкум кард, хабар медиҳад портали «Суди Душанбе»

Додгоҳ Зиёевро бар асоси се банди Кодеси ҷиноятӣ гунаҳкор шинохта, бар асоси моддаи 127 барои дидаю дониста зери хатар мондани ҷабрдида ба 2 соли зиндон, асоси қисми чоруми моддаи 139 барои ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба кӯдаки баръало хурдсол ба 20 сол, бар асоси моддаи 138, қисми 3 барои таҷовуз ба номуси кӯдаки хурдсол ба ҳабси умрбод маҳкум кард ва ҳамчун ҷазои ниҳоӣ нисбат ба вай ҳукми якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсусро таъин кард.

Тафсилоти ин парвандаи гӯшношунид нашр нашудааст. Назари маҳкумшуда ва наздикону вакили ӯ низ дастрас нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *