Ҷойи ҳафтуми Сомону Беҳрӯз

Паҳлавонони шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – Гранд Слами Париж ҷои ҳафтумро ишғол карданд. Хабар медиҳад Кумитаи милии олимпӣ.

Тибқи иттилои манбаъ мусобиқа 8-9 феврал бо иштироки 680 варзишгар (405 мард, 275 зан) аз 115 давлат дар шаҳри Парижи Фаронса доир гашт. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар мусобиқа ширкат карданд. Натиҷаи беҳтарини паҳлавонони мо ду ҷои ҳафтум мебошад.

Дар вазни -73кг Сомон ва Беҳрӯз гуштин гирифтанд. Беҳрӯз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Самоа Виллиам Тай Тин, дар даври сеюм бар намояндаи Фаронса Тео Риқуин, дар даври чорум бар варзишгари Олмон Шамил Дзавбатиров ғалаба карда, дар чорякфинал аз Соиши Ҳашимотои ҷопонӣ, ки ғолиби ин вазн гардид ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари дигари Ҷопон Масаши Эбинума мағлуб шуда, ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Сомон аз даври аввал қувваозмоиро шуруъ карда, бар варзишгарони Португал (Ҷорге Фернандес), Белгия (Дирк Ван Тичелт), Монтенегро (Никола Гардасевич), Миср (Муҳаммад Муҳйелдин) дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Узбекистон Ҳикматулло Тураев, ки ҷои сеюмро сазовор шуд, мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро ишғол намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *