Ӯро қасдан парронда буданд, то аъмоли зишташонро пиёда созанд…

Падар дар бистари беморӣ қарор дошту умед бар он баста буд, ки писараш пояи тобуташро мегираду онро ба хок месупорад. Падари 92 – соларо куҷо гумоне буд, ки он Офаридгор чунин як бори гаронеро душбораш мегардонаду ӯро дар оташи фироқи ҷигарбандаш мегудозад…

Рӯзи 10 -уми августи соли равон тобути писарашро аз Шӯробод ба Душанбе ва аз Душанбе ба зодгоҳаш – деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент оварданду пас аз ду-се соат ба оромгоҳи абадӣ бурда, он қомати раънову он тани паҳлавонҷуссаро ба хоки сард супориданд. Падарро дар он замон, ки дигар қуввату мадор намонда буд, натавонист, ки сари по истаду маросими ҷанозаи ҷигарбандашро гузаронад, зеро ин даҳшати мудҳиш ҷисму пайкарашро тамоман карахт намуда, аз худ бехудаш кард. Ва на танҳо он оҳу шевани модари муштипару хоҳарони мушфиқаш, ки ба осмон дакка зада буду қалбҳоро хун мекард, барои мӯйсафед ин ҳама даҳболо таъзиқу фишор буд, ки таҳаммул карданаш барояш басо гарон афтод. Ва ин буд, ки инону ихтиёрро аз даст доду муддате беёд гашт.

Ва замоне бахуд омад, ки кайҳо ҷигарбандашро савори аспи чӯбине карда ба мазор, ба манзили нави модари хокияш бурда буданд…
Ва мӯйсафед бо алами гарону фироқи он паҳлавонаш пас аз як сол оламро падруд гуфт.

Ва дар он кулбаи бобои модар монд. Танҳову зор! Бо қомати хамидаву ашки чашму ёди писар. Бо ҳасрату дарду доғ. Бо он ки замоне Ҳошимҷонаш дар ин макон тавлид шудаву бузург гашта буд. Ба умеде, ки аз ҳар сангу чӯбу хишту дарахтони ин хонадон симои писарашро ҷӯяд. Аз гулафшониву сабзогинии дарахтон, аз накҳати мушкбезашон ҳусну ҷамолу муаттари фарзандашро ба чашмонаш нақш гираду машомашро ба он бӯйи дилосои фарзанд мушкбез намояд. Аз он рӯзи наҳси ҷигарсӯз 16 сол паси сар шуд ва то ҳанӯз модар ба ҳар як ашёи хонаву ҳота суҳбат карда, ба онҳо дарди дил гуфта, ҳасрат мекунад, ки Ҳошимҷонашро куштанд… Бале, бале куштанд. Иддаи нотавонбину душманони миллат. Палидони нашъаҷаллобе, ки борҳо писари азизаш сари роҳашонро гирифта буду имкони фурӯши он марази маргзоро боз дошта буд. Ӯ барои решакан кардани ин тоифа мубориза бурд. Вале, дар ин роҳ бо ҳамон нангу ору номусаш танҳо монд. Ва душманон пайи нобудкунияш афтоданд. Ва ин буд, ки пайти муносибе ёфта, баъди ба вазифаи нав гузаштанаш баъди ду моҳ ӯро парронданд. Гӯё саҳван…

Аммо инро худи ӯ медонист ва ба дӯстонаш гуфта буд, ки ин ҷо кадом як сирре ҳаст, ман хаф аз он дорам, ки ба ҷонам сӯйи қасд доранд ва маро хоҳанд кушт. Ӯ 8-уми июн то рӯзи наҳси 10-уми августи 2005 ҷонишини командири қисми ҳарбии 2931-умро дар Шӯробод ба ӯҳда дошт.
Азимов Ҳошимҷон подполковники қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷонишини корманди қисми 4271-ум буд. Дар тӯли зиёда аз 10 соле, ки дар ин қисми ҳарбӣ адои вазифа карддааст, Азимов Ҳошимҷон басо корҳои назаррасеро сомон додааст.
Муҳаббату меҳри ман нисбат ӯ замоне афзуд, ки ҳангоме дар ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) барои анҷоми коре рафта будам, бо мардуми касбу кори гуногун сӯҳбат доштам, онҳо нақл менамуданд, ки Ҳошимҷон дар ҳамон шабу рӯзи ноороми солҳои 1994 то 1997 барояшон фарзандвор хизмат кардааст. Замоне ки аз гуруснагӣ азият доштем, бароямон нимта нони худро қисмат мекард,-мегӯяд бобои Сафар.

-Дар он шабу рӯз мардумро аз ҳар тараф ғорат мекардану хонаву дарашонро оташ мезаданд, ана, ҳамин Ҳошимҷон на ба мухолифин ва на ба қувваҳои ҳукуматӣ иҷозат намедод, ки мардуми бегуноҳ азият кашанд. Мо куҳансолон ӯро фарзанд хонда будем ва ӯ дар радифи ин қарзи фарзандияшро адо мекард,-меафзояд амаки Сайфулло.
-Мо чун хабари маргашро фаҳмидем, диламон хун гашт. То ба ҳол ба маргаш боварамон намеояд. Охир вай як афсари сарсупурда, як ҷавонмарди паҳлавонҷуссаи накӯкор буд. Ман худам шоҳиди чандин ҳаводисе ҳастам, ки Ҳошимҷон намегузошт дигарон мардуми оддиро ғорат намоянд,- мегӯяд омӯзгор Талабшо Сияҳаков.

То ба ҳанӯз асрори марги ин ҷавонмарди фидоии миллату Ватан норушан мемонад.
Борҳо пайвандонаш, падари 92 — солааш ва модари муштипараш барои пайдо кардани қотилони писарашон ба мақомоти дахлдор шикоят бурданд, вале то ба ҳанӯз посухи саҳеҳе ба даст наовардаанд.
Мо дигар чӣ ҳаме бигӯем, ба ҷуз он ки даст ба дуо бардошта аз даргоҳи Худованд дар ҳаққаш дуои хайр намудаву ободиву мунавварии манзили охираташро хостан. Руҳат шод бод паҳлавонписари баору номуси диёру Ватан!
Маҳкам Ҷалилов,
рафиқи овони кӯдакият

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *