120-сола ва меъмор: даргузашти Халифа Меъроҷиддин

Нафари 120-сола, ки умрашро ба меъморӣ бахшида буд, дирӯз бар асари куҳансолӣ даргузашт.

Халифа Меъроҷиддин, машҳур ба Халифа Меъроҷ соли соли 1901 таваллуд шуда, умрашро ба кори сохтмонӣ ва меъморӣ гузаронда буд ва рӯзи гузашта бо беш аз як қарн зиндагӣ аз дунё чашм пушид.

Гуфта мешавад, ки марҳум ба ҷуз аз осори меъмории худ табиати шоирӣ дошт ва гоҳ-гоҳ аз ашъори худу шоирони бузурге ба монанди Ҳофизу Саъдӣ ва Румӣ қироат мекард. Ҳамчунин, Халифа Меъроҷ дар ташкили вилояти Балх нақши муҳим бозидааст ва ҳамчун меъмори Балх маъруф аст. Вай бисёре аз сохтмонҳои ин вилоят, аз ҷумла таъмири мақоми вилояти Балхро ба дастони ӯ сохта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *