13 пешниҳоди табиби тоҷик барои паст кардани шиддати каронавирус ба ҳукумат
Муқаддас Умарова, пизишки маркази ташхис ва табобати «Шифо» дар шаҳри Душанбе, барои пешгирӣ аз шиддат коронавирус дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар бо чанд пешниҳод муроҷиат кард. Ин пешниҳодҳо 30-юми апрел дар саҳифаи фейсбукии муаллиф нашр шуд.
(Бознашр аз тарҷумаи Радиои Озодӣ)
Муқаддас Умарова, пизишк
Ҳамватанони азиз, вазифаи ман ба ҳайси як пизишк, шаҳрванд ва як нафари ростгӯ водор мекунад, ки бо ин нома ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунам. Ҳодисаҳои рӯзҳои ахир ба мо бесалоҳиятӣ, карахтӣ, хунукназарӣ ва амалкарди ғайрикасбии Вазорати тандурустии кишвар ва афроди дигари масъул дар ин соҳаро нишон дод. Фикр мекунам, ҳоло фурсати баҳогузории амали онҳо нест ва арзёбии он ҳам ба дасти ман нест. Дар ин робита иқдомоти хосеро барои берун рафтан аз вазъият пешниҳод мекунам:
- Ҳайати кумисюн ё Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 бо афроди пурэнережӣ, онҳое, ки вазъиятро хуб медонанд, аз ҷумла мутахассисони вогиршинос, сироятшиносҳо ва мудирони кори тиб иваз карда шаванд.
- Дар фурсати кӯтоҳ, дар заминаи шуъбаҳои касалиҳои сироятии шифохонаҳои кишвар, дастуруламали ташхис ва дармони гирифторони COVID-19 ва илтиҳоби шуши ғайримуқаррарӣ таҳия карда шавад.
- Тамоми муассисаҳои тиббии кишвар ба шумораи кофии тестҳои босифат барои ошкор кардани КОВИД-19 таъмин гарданд.
- Ҳама бунгоҳҳои тиббӣ бо миқдори зарурии доруҳо таъмин карда шаванд. Хадамоти тиббӣ бояд бидуни истисно ба ҳама қишрҳои ҷомеа дастрас бошад.
- Ҳамаи кормандони соҳаи тиб ба қадри кофӣ бо маводи ҳифозатии тиббӣ ки ба меёрҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯ ҳастанд, таъмин гарданд.
- Дар давраи пандемия маоши кормандони бемористонҳои касалиҳои сироятӣ ва одамони баробар бо онҳо, кормандони Ёрии таъҷилӣ ва қабулгоҳҳо, духтурони қитъавӣ ва фелдшерҳо сад фоиз аз ҳисоби буҷа боло бурда шавад.
- Ҳангоми сироят шудани кормандони соҳаи тиб ва аъзои хонаводаашон, онҳо бо маводи табобатӣ таъмин шуда, дар давраи барқарор кардани қобилияти корӣ маошашон дар шакли пурра пардохта шавад.
- Пизишкони бемористонҳо аз ҳисоби буҷаи давлат тибқи шартнома бо нуқтаҳои таҳия ғизо се вақт бо хӯроки гарм таъмин гарданд.
- Дар ҳолати аз даст додани қобилияти корӣ ва ё сироят шудан дар ҷойи кор, ки боиси марги коргар шудааст, ба оилаи корманди тиб маоши 10-моҳа (бар изофаи иловапулиҳо барои сироят шудан) пардохт шавад.
- Дар сурати пеш омадани зарурат, шифохонаи саҳроӣ ва ё бунгоҳи тақсимоти беморон барои фавран бистарӣ кардани маризон ташкил карда шавад.
- Низоми иттилоърасониро ҳаддалимкон шаффоф намуда, шаҳрвандонро дар бораи шумори беморон ва фавтидагон огоҳ кунанд.
- Доштани ниқоби тиббӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ва риояи меъёри фосилагирии иҷтимоӣ ва ё дур будан аз ҳамдигар ҳатмӣ шавад.
- Дафни одамоне, ки аз COVID-19 фавтидаанд, бо риояи меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, бо дарназардошти чораҳои зиддиэпидемиологӣ ба роҳ монда шавад, то ба оила ва пайвандони қурбониён зарбаи ҷуброннопазири равонӣ нарасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ