Тақвими рӯз: Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас

1 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вафоти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд.

1 майи соли 1993 300 нафар аввалин гурезагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

1 майи соли 2013 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон доир шуд.

Рӯзи меҳнат.

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.

1 майи соли 1940 дар Сталинобод аввалин кӯл — «Кӯли комсомол»  ба истифода дода шуд.

1 майи соли 2004 Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта, Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуданд, ки дар таърихи ин созмон бузургтарин ҳамроҳшавии давлатҳо ба шумор меравад.

1 майи соли 1922  дар Россия аввалин хати байналмилалии ҳавоӣ кушода гардид.

1 майи соли 2014 вазъ ва дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуданд.

1 майи соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.

1 майи соли 1884  дар Чикаго сохтмони аввалин бинои серошёна, ки иборат аз 10 ошёна буд, оғоз ёфт.

Соли 1899 бори нахуст доруи аспирин ба фурӯш бароварда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *