Сарвазири Русия ба каронавирус гирифтор шуд

Натиҷаи ташхиси тестии сарвазири  Русия Михаил Мишустин нишон дод, ки ӯ низ ба каронавирус мубтало гардидааст. Дар ин бора портали “Спудник” хабар медиҳад.

Ба гуфти манбаъ дар бораи бемориаш нахуствазири Русия шахсан ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи фосилавии ҳукумат хабар дод.

Нахуствазири Русия таъкид дошт, ки сироятёфтанаш  ба коронавирусро ташхисҳо тасдиқ намуданд.

“Ҳамин ҳоло маълум шуд, ки ташхисҳои, ки аз ман гирифта буданд натиҷаҳои мусбат доданд. Ман бояд, тибқи талаботи Хадамоти назорати истеъмолӣ (Роспотребнадзор) Русия ба қоидаҳои қарантина риоя карда,  тавсияҳои пизишконро риоя намоям”, — таъкид дошт Мишустин.

Вай таъкид дошт, ки ӯ бояд саломатии ҳамкоронашро аз сирояти коронавирус ҳифз намояд.

Дар ҳамин ҳол, Мишустин гуфт, ки ҳукумати Русия фаъолияти худро идома хоҳад дод ва ӯ Андрей Белоусовро ба вазифаи иҷрокунандаи нахуствазир пешниҳод кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия изҳори умедворӣ кард, ки Мишустин ҳарчи зудтар шифо ёбад ва хоҳиш кард аз бемористон нахуствазир ба ӯ занг бизанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *