142 ҳазор парванда дар як сол

Шермуҳаммади Шоҳиён, рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки давр давоми соли гузашта   8 ҳукми сафедкунанда бароварда шудааст.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори  оммаи мамлакат гуфт, ки соли сипаригардида қариб 350 нафар дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Беш аз 170 нафарро судяҳо  ва боқимондаро кормандони дастгоҳи судҳо ва коромӯз-судяҳо ташкил медиҳанд.Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта  Шермуҳамма Шоҳиён  зикр кард, ки соли 2018 аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва судҳои поёнӣ  беш аз 142 ҳазор  парвандаҳо  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки дар қиёс ба соли 2017 қариб шаш ҳазор парванда кам аст. Парвандаҳои  баррасигардидаро парвандаҳои  гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ташкил медиҳанд.Ӯ ҳамчунин зикр намуд,ки бо дархости  Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал барои озодии Зайд Саидов «розӣ шуда наметавонад». Ба гуфти  ӯ, мақомоти тафтишотӣ гуноҳи ӯро собит кардаанд. «Мурофиаҳои додгоҳӣ ҳатто махфӣ сурат гирифт, чун онҷо гап дар бораи таҷовуз ба номус ҳам буд. Аз ин рӯ, гуноҳи Зайд Саидов дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо бо далелҳои бебаҳс исбот шудааст ва ҳукми Судии олии давлати мустақил баромадааст. Бо тавсияи созмонҳои байналмилалие, ки онро масъалагузорӣ мекунад, ки ҷинояткор аз ҷазо озод карда шавад, ҳеҷ розӣ шуда наметавонам»,-гуфтӯ зимни ин нишаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *