22-декабр паёми навбатии Президент

Президенти ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 декабр дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон паёми солонаи худро ироа хоҳад кард. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон  рӯзи 5 декабр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зери қарори даъвати ҷаласаи чоруми якҷояи Малиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон имзо гузошт ва бар асоси он ҷаласаи муштарак даъват карда шуд.

Охирин бор рӯзи 20 январи соли ҷорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон бо паёми солонааш ба мардум ва парлумон муроҷиат карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.