Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

300 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», ки ба истеҳсоли ҷӯроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд, хабар медиҳад АМИТ “ХОВАР”.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев бунёд гардида, мақсад аз таъсис додани он то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакату мусоидат ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ мегардад.

Зимни маросими ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона 19 миллиону 200 ҳазор ҷӯроб дар як сол буда, маҳсулоти он ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ аз рӯи стандартҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар марҳилаи аввали ба фаъолият пардохтани корхонаи ҷӯроббофии “Ваҳдат” дар шаҳри Душанбе, 300 нафар ба кор таъмин гардиданд, ки аксарияташон мутахассисони варзидаву лаёқатманд аз ҳисоби ҷавонону бонувон мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхона, қарор аст дар он бештар аз 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гарданд.

Ва дар назар аст, ки навбати дуюми корхона давоми соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад намуд, зеро барои ин ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, хатҳои истеҳсолӣ низ харидорӣ шудаанд.

Айни замон музди миёнаи маоши коргарон аз 800 то 1200 сомониро ташкил дода, шароитҳои мусоиди корӣ барои кормандон фароҳам сохта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки соҳибкор Илҳом Мирзоев дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон низ чунин корхона — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”-ро ҳанӯз соли 2014 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол сохта буд. Корхонаи ҷӯроббофӣ дар ноҳияи Ёвон айни замон дорои иқтидори истеҳсоли 4,5 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар он садҳо нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд ва маҳсулоти ин корхона ҳам таъиноти содиротӣ дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.