4 соли ҳабс ба 2 нафар «дииш»-ии чечен, ки паспорти ҷаълии тоҷикӣ доштаанд

Додгоҳ ду нафар чеченро, ки бо шиносномаҳои тақаллубии тоҷикӣ мехостаанд, аз марзи Русияву Украина рад шуда, ба сафи «Давлати исломӣ» бипайванданд, 4-солӣ равонаи зиндон намуданд.

Ин ду зодаи Чеченистонро Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи Маскав  ба гумони он ки талош менамудаанд, ба сафи гуруҳҳи тундрав бипайванданд, аз озодӣ маҳрум намуданд.

Раёсати хадамоти федеролии амнияти Русия хабар медиҳад, ки ин ду нафар дар вилояти Брянск ҳангоми убур аз марзи Русия ва Украина боздошт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ки афроди боздоштшуда қасд доштаанд, бо шиносномаҳои тақаллубии Тоҷикистон аз марз убур намуда, аз он тариқ ба Туркия рафта ва аз он ҷо ба сафи «Давлати исломӣ» бипайванданд.

Додгоҳ ин ду нафарро ба ҷурми пайвастанд ба гуруҳҳои ифротӣ, ташкили ҳамлаҳои террористӣ ва сохтани асноди тақаллубӣ муқрим донистааст:“Муттаҳамшудаҳо ба гуноҳи худ иқрор карданд. Додгоҳ онҳоро барои чор сол равонаи зиндон карда, дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл ҷарима баст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *