5 ғор дар 500 метр роҳ: Шумо ҳам хатар эҳсос мекунед?

Як нафар хонандаи сомонаи pressa.tj бо ирсоли чанд акс аз он шиква мекунад, ки дар 500 метр роҳи кӯчаи Соҳилии пойтахт ба 5 ғори кушода рӯ ба рӯ шудааст. Ин хонандаи мо менависад:

“Аз пули назди Нуқтаи фуруши сӯзишвории СимСим то ба мағозаи “Ёвар” дар роҳи пиёдагард 5 ғори даҳонкушода ҳаст, ки моҳҳо боз касе кӯшиши пӯшидани онҳоро намекунад. Ин роҳи соҳил макони сайру саёҳат ва варзиши сокинони пойтахт аст ва дар торикӣ барои мардум хатарнок мебошад.”

Мушкили ғорҳои даҳонкушода қариб дар ҳама кӯчаҳои Душанбе вомехӯрад. Шумо ҳам чунин ғорҳоро ҳамарӯза мебинед? Пас бо нишон додани суроға ба сомонаи pressa.tj ирсол кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *