Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

Қурби рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон боло рафта, 23 октябр дар муассисаҳои молиявии кишвар арзиши он аз 0.1520 то 0.1540 сомонӣ  расидааст.

Ин баҳои рубли русӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия бо ин пул маош гирифта ва ба хонаводаи худ мефиристанд, баландтарин нишондод тайи моҳҳои охир маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии кишвар аз 9.6938  то 9.7000 сомонӣ, 1 евро аз 10.7902  то  10.8500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1520 то 0.1540  сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *