Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аҳмадзода ба 400 нафар замини наздиҳавлигӣ дод

Давоми солҳои охир танҳо дар шаҳраки навбунёди Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоии шаҳрак ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Имрӯз, ҷумъаи 31 май 400 нафар сокинони эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳраки Сайҳун соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуданд. Маросими тақсимоти навбатии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.

Давоми солҳои охир танҳо дар шаҳраки навбунёди Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоии шаҳрак ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

“Рӯзҳои наздик дар шаҳраки Сайҳун боз барои беш аз 400 оила замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад”,-хабар медиҳад дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Аз ҷумла, 3928 гектар замин барои инфрасохтори шаҳрак ва 690 гектар барои бунёди боғҳои интенсивӣ пешбинӣ гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Наргис-75 31.05.2019 15:22

    Ахсант, бехтарин амал. Дар вилояти Хатлон бештари ахли зиё ба замини наздихавлиги ниёз доранд, вале кай ахли адабу маориф ва тандурусти сохиби замин чуз парвардигор касе намедонад….

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.