Абдулвосеъ Ятимзода: Маоши омӯзгорон сари вақт пардохт карда мешавад

 

      -Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, дар ин давра корхонаи металлургияи рангаи ҶДММ «Пакрут» бо иқтидори истеҳсолии 1400 тонна металли ранга дар як сол, бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва коргоҳҳои истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ дар ҶДММ «Мегапласт», корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ (бензин) дар ҶДММ «Тенг Лонг» ба истифода дода шуданд. Дар давоми сол ба истифода додани корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (консервабарорӣ) ва корхонаи истеҳсолии қубурҳои пластикӣ ба нақша гирифта шудааст ва ба ин васила зиёда аз 1000 нафар сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин карда мешаванд гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон муовини раиси шаҳри Ваҳдат Абдулвосеъ Ятимзода.

         Номбурда дар посух ба саволи хабарнигори  “Тоҷикистон” оё  ин корхонаҳо  ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ кардаанд гуфт ,ки аллакай ин кор оғоз шудааст.Ҳамчунин дар мавриди сари вақт маоши худро нагирифтани омўзгорон номбурда иброз дошт ,ки ин камбуди моҳи август роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт ва минбаъд кормандони муассисаҳои таълимӣ дастмузди худро моҳ ба моҳ сари вақт метавонанд гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *