Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳадяи Ихвониҳоро ба яке аз пешвоҳои ҲНИТ Муҳаммадазиз Саидназаров ошкор сохт

Ман ҳамчун шаҳрванди шарифи Тоҷикистон дар бораи дастгирӣ ва кумакҳои молии Ихвонулмуслимин ба роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ бисёр шунида будам, аммо шоҳиди чунин ҳодиса нашуда будам.

Саид Умар Ҳусайнӣ ва ҳамсараш Давлатова Сафармоҳ ба Миср сафар карда дар он ҷо хонаи сеҳуҷрагӣ бо масоҳати калон дар кучаи ал-Бадавӣ маҳаллаи ҳафтуми шаҳраки Наср воқеъ дар шарқи Қоҳира харидорӣ намуд. Ин хонаро ба хотири таҳсили ду фарзандаш дар Миср Абдуллои Умарӣ ва Ҳусайнов Тоҳир бо маблағи гарон харидорӣ намуда буд.
Дар сӯҳбат бо мо муовини якуми ҲНИТ гуфт: “Ин хонаро С.Ҳусайнӣ ба маблағи 50,000 доллари амрикоӣ барои таҳсили фарзандонаш дар Миср харидорӣ намуда буд.” Ҳамчунин Ҳусайнов Тоҳир дар назди мо борҳо таъкид намуда буд, ки хонаҳои дар Миср ва Туркия харидаи падараш ба маблағҳои махсуси ҲНИТ тамоман дахл надошта, аз ҳисоби кӯмакҳои молии Ихвонулмуслимин харидорӣ шудаанд.
Ҳусайнов Тоҳир таъкид кард, ки падараш мехост, бо хатсайри Душанбе – Алмаато – Қоҳира ба Миср сафар намуда, дар он хона паноҳ барад, аммо худи ҳамон рӯз соати 11 нисфирӯзӣ дар фурудгоҳ қабл аз фирор аз ҷониби Хадамоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид.

Муҳаммадазиз Саидназаров

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.