Акнун ариза барои иваз кардани ному насаб дар як моҳ баррасӣ мешавад

Дар ҷаласаи навбатии порлумон, вакилон бо ворид намудан ба «Қонун дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», муҳлати баррасии ариза барои иваз намудани ному насабро кам намуданд. То ҳол чунин мӯҳлат се моҳ пешбинӣ шуда буд ва бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», он ба як моҳ кам карда шуд. Хабар медиҳад Озодӣ.

Манбаъ меафзодя, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии тарҳ дар парлумон гуфт, «дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, мӯҳлати барраси намудани ариза понздаҳ рӯз дароз карда мешавад».

Ашуриён таъкид намуд, ки дар 10 моҳи соли равон 17 ҳазор нафар барои иваз намудани ному насабашон ба мақомоти сабти асндоди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли ӯ, чунин омор дар соли гузашта 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вазири адлия шарҳ дод, ки сабаби коҳиши муроҷиатҳо барои дигар намудани ному насаб, пандемияи коронавирус аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *