Ҳалокати 3 пиёдагард дар 2 рӯз

Ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшан зани 35-солаи сокини шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гунаҳкори ҳодиса — ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан дастгир карда шуд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 42-солаи сокини ноҳияи Қубодиён  ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тахти-Сангини ноҳияи мазкур пиёдагард, марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-66” марди 36-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Ховалинг, бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, зани 45-солаи сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст. Дар натиҷа, зани ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *