Аловиддин раис шуд

Ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Аловиддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин шудааст. Ӯ то кунун роҳбарии театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷоновро бар ӯҳда дошт.

Бурҳониддин Раҷабов, ки то кунун роҳбарии раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба дӯш дошт, ба ҷои Аловиддин Абдуллоев роҳбари театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов таъйин шудааст.Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев бо саҳначаҳои ҳаҷвиаш машҳур шудааст. Ӯ метавонад дар як саҳнача якбора чандин нақш – чӣ нақши зан ва чӣ нақши мардро иҷро кунад.Ҳоло Абдуллоев яке аз беҳтарин ҳаҷвнигорон ва ҳунарпешагони ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *