Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Амонатбонк”: Шумораи қарзгирандагон афзудаанд

Имсол “Амонатбонк” ба зиёда аз 36 ҳазор муштарӣ беш аз 661,9 миллион сомонӣ маблағҳои  қарзӣ пешниҳод намудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида  ба андозаи  36,7 ва 23 фоиз  афз шудааст. Ин нукта дар нишасти матбуотӣ имрӯз дар бонки мазкур гуфта шуд.

Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки  дар натиҷаи амалӣ намудани якчанд иқдомҳо имсол “Амонатбонк” аз ҳисоби  захираҳои дохилию  хориҷӣ  ба зиёда аз 36 ҳазор муштарӣ беш аз 661,9 миллион сомонӣ маблағҳои  қарзӣ пешниҳод намудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида  ба андозаи  36,7 ва 23 фоиз  афз шудааст.

Ба гуфтаи раиси бонк аз қарзҳои додашудаи “Амонатбонк”  22,4 фоиз ба  соҳаи саноат,  19,9 фоиз ба бахши кишоварзӣ,  18,2 фоиз ба  бахши истеъмолӣ, 7,2 фоиз ба сохтмон,  22,7 фоиз ба тиҷорат,  7,3 фоиз  ба нақлиёт ва ба дигар хизматрасониҳо, аз қабили сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 2,3 фоиз рост меояд.

Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи кунунӣ  пешниҳоди қарзҳои  «Амонатбонк»  ба муштариён дар доираи  аз 18 то 24 фоизи  солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фоизи  солона бо асъори хориҷӣ  муайян карда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.