Ҳамсафари Муссо ҳалок шуд

Аксари садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш аз беэҳтиётии ронандаҳо сар мезанад .

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо” марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар мавзеи “Симарғ”-и ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” таҳти идораи ронанда, марди 49-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бархурдааст.

 Дар натиҷаи чунин бархурд ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо” бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири автомашинаи мазкур  марди 24-солаи сокини шаҳри Истаравшан бошад, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *