«Апа, ман мемурам»-охирон нидои додар чунин буд

Додараш пеш аз ба бемористон рафтан бо нигоҳи дардолуд ба ӯ хитоб кард, ки «апа ман мемурам». Сарвиноз мегӯяд, ки ҳарфҳои вопасини додарашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Сарвиноз мегӯяд, аксар корбарон зиндагӣ ва вазъи хонаводагии ӯро намефаҳманд ва дар ҳаққаш ҳаргуна сухану дуоҳои бад мекунанд

Сарвиноз Юсуфӣ, сарояндаи шинохтаи тоҷик ахиран дар барномаи «Ногуфтаҳо» — и рӯзноманигор Орзу Исоев аз андӯҳи бузурге, ки сари ӯву хонаводааш рехт, бо аламу ашкрезии зиёд қисса кард.

Ин сароянда нахуст модаррашро аз даст дод ва бо гузашти ҳамагӣ 5 моҳ, додари 38 — солаи ӯ низ реҳлат кард.

Сарвиноз дар ин барнома рӯзҳои ахири зиндагии модару бародарашро ба ёд оварда мегӯяд, «ҳар ду гӯё аз наздик омадани марги худ хабардор буданд».

Модари марҳуми Сарвиноз ҳамроҳи худаш дар пойтахт зиндагӣ мекард, вале дақиқан 8 рӯз пеш хоҳиши ба Ваҳдат баргаштанро намуд. Ӯ ҳарчанд бо ду пойи равон аз хонаи духтараш ба манзили худ рафт, вале ҳинни расидан ба шаҳри Ваҳдат дигар мустақилона аз мошин баромадан натавонист ва бо ҳамин рӯзҳои охири ҳаёташро дар бистари беморӣ сипарӣ кардааст.

Сарвиноз мегӯяд, пас аз марги модараш ӯ барои «камар ба худ омадан» ба Русия сафар кард, вале вақте баргашт, додари ҷавони ӯ сахт мариз шуда, бо гузашти чанд вақт ӯ ҳам ҷонро ба Ҷонофарин таслим кард.

Сароянда ба ёд овард, ки додараш пеш аз ба бемористон рафтан бо нигоҳи дардолуд ба ӯ хитоб кард, ки «апа ман мемурам». Сарвиноз мегӯяд, ки ҳарфҳои вопасини бародарашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Дар идома Сарвиноз ба нафроне, ки ӯро пайваста дастгиру дилҷӯ буданд, изҳори миннатдорӣ намуда бо алам изҳор дошт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксари корбарон бо вуҷуди ин ҳама мусибатҳо нисбаташ бадгӯӣ мекунанд.

Аз ҷумла бисёриҳо ба ӯ менависанд, ки «саҳнаро тарк кун, овозхонии худат хонаводаатро мусибатзада мекунад».

Аммо худи сароянда мегӯяд, ки на ҳама вазъи хонавода ва шароити ӯро мефаҳманд. Зеро маҳз ӯ хонаводаи худ ва аксари пайвандонашро таъмин мекунад.

Ҳоло ки Сарвиноз дар робита ба мусибаҳои пайдарпай бидуни кор мондааст, мегӯяд, захираҳое, ки қаблан дошт аз ҳисоби онҳо рӯзгорашро мебарад. Ҳамзамон ӯ аз бевафоии аксар дӯстонаш гуфт, ки пас аз шикасташ ӯро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *