Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

АШТ: Марги омӯзгори 54-сола дар зери чархи “БМВ”

 Дар шимоли кишвар як омӯзгори 54-солаи ноҳияи Ашт дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

Чуноне аз Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ин ҳодиса тақрибан соатҳои 21:00-и рӯзи 21 август дар маркази маъмурии вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст: “Сокини 26-солаи Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарин, воқеъ дар назди меҳмонхонаи “Эҳсон” бо мошини “БМВ” -и Алӣ Тоҷибоев, сокини ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт пахш намудааст”.

Дар натиҷа Тоҷибоев дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Алӣ Тоҷибоеви 54-сола соҳиби 5 фарзанд буда дар муассисаи таҳсилоти умумии №24-и ноҳияи Ашт ба ҳайси омӯзгори фанҳои ибтидоӣ кор мекардаас

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.