Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз ғуруби Ато то тулӯи Ортиқ

Имрӯз Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ба синни 63-солагӣ расид. Ба ин муносибат суҳбати Одил Нозирро бо ҳунарпеша манзури хонандагон мегардонем.

Фоҷиаи Зафар Нозим, орзуи Маҳмудҷон Воҳидов ва ғуруби Ато Муҳаммадҷонов дар мусоҳиба бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир

Тақдири Театри Лоҳутӣ

-Пайғоми хуш расид, ки Театри Лоҳутӣ тахриб намешавад. Ҳоло аҳли театр хеле шоду масруранд, ки ин бинои таърихӣ, даргоҳе, ки бузургтарин устодони саҳнаи тоҷик он ҷо фаъолият кардаанд, чун нишони ёдгорӣ аз гузаштагон пойбарҷо боқӣ хоҳад монд… — суҳбати мо бо Ортиқи Қодир, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон бо чунин муждаи нек оғоз ёфт.

…Ӯ ниёз ба муаррифӣ надорад. Ҳунарманди ҷонфидои театр, ки Рӯдакиву Ҳофиз, Балъамиву Шоҳин, Лоҳутиву Турсунзода ва даҳҳо образи дигарро дар саҳна офарида, нақшҳои марғубе дар намоишномаҳои телевизионӣ ва кино бозидааст. Ровии ширинсухан асту дар дубляжи даҳҳо филм саҳм гирифтааст. Рӯзноманигорӣ ҳам кардаву муовини сардабир ҳам будааст… Публитсисту чеҳраофар ҳам ҳасту дар рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамеша чакидаҳои хомааш интишор шуда, аз рӯзгори устодони саҳна китоб низ ба нашр расонидааст… Ин сифатҳои ҳунарманди маҳбуб Ортиқи Қодир аст, ки ин баҳор 60-умин муғчаи умр- муғчаи камолоташ шукуфт…

Чун хабари пойбарҷо мондани театр ба миён омад оғози суҳбат низ доир ба театр буд…

 — Театри тоҷик имрӯз қомат рост мекунад. Солҳои 90-ум ва ибтидои 2000-ум дар санъати тоҷик, аз ҷумла дар театр як навъ холигӣ ба вуҷуд омад. Аммо имрӯз оҳиста-оҳиста ин холигӣ пур мешавад. Айни ҳол театр намоишномаҳои наву нағзро пешкаши тамошобин мекунад. Ба қарибӣ мо намоишномаи «Дидгоҳ»-и драматурги итолиёвӣ Алдо Николайро ба саҳна гузоштем, ки хеле намоишномаи ҷолиб аст. Имрӯз намоишномаҳои мо тамошобин дорад. Муҳити театр ҳам солим аст. Чанд соли охир ҳамеша дар шигифт будем, ки ҷавонони мо фаъол нестанд, аммо имрӯз корҳои ҷавононро дида, ба завқ меоем. Ҷавонони театри мо намоишномаи «О, ёро»-ро ба наздикӣ ба саҳна гузоштанд, ки бисёр ҷолиб буд. Ҳамчунин, ба наздикӣ аз рӯйи пйесаи якпардагии Антон Чехов намоишномаи «Хирс»-ро ба саҳна гузоштанд, ки ин ҳам маҳсули кори ҷавонон аст. Режиссёри он Аъзам Розиқов эҷодкори хуб ва ояндадори мост. Яъне, театри мо аз нав эҳё мешавад.

-Бубинед, ду — се намоишномае, ки шумо ёдовар шудед, моли драматургҳои хориҷианд. Чаро аз асарҳои ватанӣ истифода намекунед ё асари арзишманд нест?

-Рости гап, театри тоҷик аз асарҳои марғуби ватанӣ танқисӣ мекашад. Албатта, мо дорем драматургҳое, ки барои театр менависанд, амсоли Нур Табаров, Ҷумъа Қуддус, Шодӣ Солеҳ, Тӯрахон Аҳмадхонов ва монанди инҳо, аммо ин кифоя нест. Ман ҳам зиёд мехоҳам, ки драматургияи миллӣ бештар рӯйи саҳна ояд, аммо асари дархӯри тамошобин кам аст. Мо имрӯз ба драматургони қавӣ ниёз дорем…

-Дар баробари ин ба режиссёрҳои қавӣ. Ман бо ҳунармандони зиёди саршиноси кишвар мулоқот кардаам ва ағлаб аз набудани режиссёрҳои хуб дар театри мо шиква мекунанд. Шумо нисбати ин ақида чӣ назар доред?

-Мувофиқ набуда наметавонам. Албатта, мо режиссёрҳои хуб дорем,  аммо боз ниёз дорем. Баҳодур Миралибеков, Барзу Абдураззоқов, Давлат Убайдуллоев ва чанд нафари дигар ҳастанд. Давлат ҳам ирфону тасаввуф, ҳам адабиёти классикӣ, ҳам  арзишҳо ва қоидаҳои режиссюраву саҳнаро хуб медонад. Ӯ фарҳанги Шарқу Ғарбро бо ҳам синтез мекунад. Ӯ нафаре аст, ки дар ҳамдастӣ бо Фаррух Қосимов бори аввал тасаввуфро рӯйи саҳна оварда буд. Ё худи раҳматӣ Фаррух Қосимов, ки ормонҳои Маҳмудҷон Воҳидовро ба сомон расонид. Яъне, мо дорем режиссёрҳои бисёр хуб, аммо намедонам потенсиали эҷодии режиссёрҳо ҳам барои як давра мерасаду халос ё чизи дигар, ки имрӯз воқеан ниёз ба режиссёрҳои тозаназар дорем.

Шуълаи Маҳмудҷон Воҳидов  ва шоҳроҳи ҳунар

-Дар бораи Маҳмудҷон Воҳидов ёдовар шудед. Ӯ яке аз машҳуртарин ҳунармандони замони донишҷӯйии шумо буд. Воқеан, чанде пас аз марги мармузи ӯ 40 сол мегузарад. Шумо ӯро мешинохтед?

-Маҳмудҷон Воҳидов… Ёдаш ба хайр. Ӯ орзуи сохтани театри шоиронаро дар дил мепарварид. Вақте довталаб будам, имтиҳони аввалини мо аз маҳорат буду дар он Маҳмудҷон Воҳидов ширкат меварзиданд. Ман он ҷо манзумаи Мирзо Турсунзода  «Осиё гӯяд сухан, овози ӯро бишнавед»-ро қироат кардам. Эшон бодиққат то охир гӯш карда, аз ҷой баланд шуд ва ба гӯши дигар муаллимон чизе гуфту рафт. Баъдан ӯро дар долони меҳмонхонаи «Бухоро»-и шаҳри Бухоро вохӯрдам. Ӯ маро дидан замон шинохт ва аз қироати ман ёд кард. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки якҷоя аксе барои хотира бигирем. Ӯ гуфт, ки вақт надорад. «Ман  асари Улуғзода «Алломаи адҳам»-ро ба саҳна гузоштаниам, ин ҷо барои ҷамъоварии материал омадам, – гуфт ва илова кард: – Ман ин корҳоямро яктарафа карда, аз пайи таъсиси театри шоирона дар назди Иттифоқи нависандагон мешавам ва ҳатман туро ба кор даъват менамоям». Ман аз шодӣ дар курта намеғунҷидам ва то марги Воҳидов дар дилам орзуи кор дар Театри ӯро мепарваридам. Ёд дорам, 12 ноябри соли 1977 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ «Бой ва хизматгор» мерафт.  София Тӯйбоева, Намоз Ойматов, Бурҳон Раҷабов, Ато Муҳаммадҷонов барин устодони саҳна дар он нақш меофариданд. Он рӯз Низом Нурҷонов маро ба театр барои навиштани кори курсиам – «Ҳаёт ва эҷодиёти Ато Муҳаммадҷонов» фиристода буданд. Вақте ба театр ворид шудам, ҳама ҷо такопӯву таҳлука… зеро хабари марги Маҳмудҷон Воҳидов аз Бағдод омада буд… Бо ҳамин орзуи нақшофарӣ бо Маҳмудҷон Воҳидов дар дили ман хомӯш шуд…

 -Умуман, сабаб чӣ буд, ки риштаи ҳаётатонро ба санъат пайвастед?

-Ин пешаро интихоб кардани ман ногаҳонӣ буд. Ман бо мақсади таҳсил дар факултети ховаршиносӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин супориданӣ будам, аммо бинобар набудани баҳо аз фанни забони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои маро қабул накарданд. Ин аввалин зарбаи сахти зиндагӣ барои ман буд. Ҳамон сол аз факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко Донишкадаи санъати Тоҷикистон таъсис ёфт ва барои қабул озмуни калон эълон шуд.  Як ҳамдеҳаам бо номи Азизмурод Саидов, ки ҳоло дар Кохи фарҳанги Ҳисор кор мекунад, сабаб шуду ман ҳуҷҷатҳоямро ба факултети санъат супоридам. Вақте ба дунёи санъат ворид шудам, ба саҳна дил бастаму ба театр пайвастам.  Гарчанде профессор Низом Нурҷонов талқин мекарданд, ки ба Институти таърих шомил шуда, дар шуъбаи санъат ба корҳои пажӯҳишӣ машғул шавам ва Маҳрам Файзов бошад, мехостанд, ки дар факултети санъат аз нутқи актёрӣ дарс гӯям. Театри Лоҳутӣ он солҳо яке аз театрҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ҳар касро ба кор намегирифтанд. Мо дар корҳои дипломиамон чанд асари ҷиддиро таҳия карда будем. Аз ҷумла дар «Писари калонӣ»-и Вампилов ман нақши падарро мебозидам. Ин буд, ки маро саодати бузурге насиб гашту ба Театри Лоҳутӣ даъват карданд.

-Миёни нақшҳое, ки ҳунарманд меофарад, яке ӯро маъруф мекунад ва яке ба қалби ӯ менишинад ва яке ҳам мондагор мешавад. Кадомҳо буданд, нақшҳое, ки шуморо маъруф кард, ба қалбатон нишаст ва мондагор шуд.

-Вақте ман нав ба театр омадам, моро бештар ба намишномаҳои кӯдакона ҷалб мекарданд. Зиёд буданд чунин нақшҳои лаҳзагӣ. Ҳабибулло Абдураззоқов аз рӯйи асари Фазлиддин Муҳаммадиев намоишномаи «Вопасин арӯси Амиралмуъминин»-ро ба саҳна гузошту дар он нақши эпизодии девонаро мебозидам. Қашқарӣ Мирзоев он вақт директори театр буданду нақши маро хуш қабул карда, ба маошам 20 рубл илова карданд. Ҳамин тавр  то ба нақшҳои калон Хоҷа Ҳофиз аз «Кабки Қафас», Лоҳутӣ аз «Исёни Лоҳутӣ» Шоҳин, Рӯдакӣ, чанд сол пеш Байҳақӣ, Турсунзода аз «Аёдат» расидем.  Барои иҷрои нақш дар се намоиши телевизионӣ  «Ҳаёт ва ишқ», «Кадри ҳавоӣ» ва «Ашки сӯзон» ман ба дарёфти ҷоизаи Кумитаи ҷавонони ҷумҳурӣ мушарраф шудам. Соли 1999 маро бо унвони Ҳанарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 2009 барои иҷрои нақши Рӯдакӣ бо унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон сарфароз карданд. Кадом нақши ман, нақши мондагор аст ва ё то куҷо дар ин ҷода муваффақ шудам, қазовати тамошобин аст.

 Аз театр ба рӯзнома

-Шумо яке аз ҳунармандони пештози театр будед. Аммо чӣ боис гардид, ки якуякбора ба кори рӯзнома гузаштаву чандин сол аз санъат канор равед?

-Солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон як муҳите пайдо шуд, ки санъат ба касе даркор набуд. Илова бар ин соли 1995 дар фосилаи қариб 1 сол ман се азизи худро ба хок супоридам. Ба ҷойи театр гурӯҳҳои кӯчагӣ, масхарабозон пайдо шуданд. Ин омилҳо наметавонист ба ҳолати равонии ман таъсир нагузорад. Бинобар ин ман аз театр рафтам. Қариб як сол бекор гаштам. Чӣ кор кардану ба куҷо рафтанам маълум набуд, куҷое сарам чарх занад, мерафтам. Соли 1996 дар рӯзи таҷлили Ҷашни матбуот бо Акбари Саттор вохӯрдам. Акбар пурсид, ки куҷо меравӣ? Гуфтам, ки ҳеҷ ҷо бекорам. Ӯ гуфт, ки қасди ифтитоҳи як газета бо забони тоҷикиро дорад ва маро даъват кард, ки дар паҳлуяш бошам. Гуфт, ки ака, ягон кор накун, фақат дар паҳлуям бош. Аммо виҷдонам тоқат намекарду дар ҳафтаномаи навтаъсиси ӯ — «Чархи гардун» ба кор пардохтам. Дар аввалин шумораи «Чархи гардун» мусоҳибаи ман бо устод Зафар Нозимов нашр шуд. Ибтидо устод Зафар Нозимов намехост, ки ба ман сӯҳбат кунад, зеро сахт ранҷида буд. Боевикҳо хонаашро оташ зада, аксҳои таърихиву асбобҳои мусиқиашро сӯзонида буданд. Аммо аз куҷое ҷасорати журналистӣ дар ман пайдо шуду устодро барои суҳбат розӣ кунонидам. Баъдан ҳамин тавр бо Раҳим Масов, Убайдулло Раҷабов ва дигар чеҳраҳо мусоҳибаҳо кардам.  Ва чандин сол муовини сардабир шуда, кор кардам…

-Баъд чӣ шуд, ки боз ба театр баргаштед?

-Соли 1999 озмуни умумиҷумҳуриявии «Андалеб» мегузашт, ки ман ровии он будам. Баъди ҷамъбасти озмун бегоҳ Вазорати фарҳанг ҳамаро ба як пиёла чой даъват карду қарор шуд, ки маъракаи шабро ҳам ман раисӣ кунам. Олимҷон Салимзода, муовини онвақтаи вазири фарҳанг маҳфилро кушода, маро ровии шинохтаву ҳунарманди маъруф гуфта, муаррифӣ мекард, ки садои Бобохон Алиевич Маҳмадов баланд шуд: «Ортиқро шоиста гуфтан гир. Ман он замон дар ягон театр кор намекардам ва ин гапи Маҳмадовро фаромӯш кардам. Аммо баъди чанд рӯз аз Вазорати фарҳанг занг зада гуфтанд, ки биё анкета пур кун, туро ба унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз карданд. Ҳамон сол ҳамроҳи Ато Муҳаммадҷонов филми «Ғуруб»-ро ба навор гирифтем. Ато –ака гуфтанд, ки ҷойи ту саҳна асту баргард. Баъди ин ҳамроҳи Тоҳир Собиров банаворгирии филми «Камоли Хуҷандӣ»-ро оғоз кардем. Мутаассифона, ин филм то охир сабт нашуд, эшон ҳам маро барои баргаштан ба театр талқин карданд. Дилбар Умарова тариқи як барномаи радиоӣ аз ман даъват ба амал овард, ки ба саҳна баргардам. Ато Муҳаммадҷонов як рӯз гуфтанд, ки ман дар назди рӯҳи Файзулло Ансорӣ қарздорам, бинобар ин бояд ягон асари он касро ба саҳна гузорам. Зеро Ато-ака ягон мактаби актёриро нахонда, дар асарҳои Файзулло Ансорӣ ҳунарманди ҳирфаӣ шуда буданд. Эшон маро барои иҷрои нақш дар ин намоишнома даъват карданд. Акбар ҳам гуфт, ки мо шояд иштибоҳ мекунем, ки туро дар газета банд мекунем…

Ҳамин тавр бо мусоидати Ато-ака ман бори дуюм қадамҳои нахустинамро ба саҳна гузоштам. Банда Ато Муҳаммадҷонов ва Маҳмудҷон Воҳидовро устодони ормониам медонам, гарчанде бо Воҳидов нақш офаридан насибам нашуд. Аммо хушбахтона бо Ато Муҳаммадҷонов, Аслӣ Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова, Фотима Ғуломова, Тӯрахон Аҳмадхонов, Марям Исоева, Носир Ҳасанов, ки ҳар яке як мактаби эҷодӣ ҳастанд, нақш офаридам. Дар бараи баъзе аз инҳо мақолаву хотираҳо навиштам ва китобам ҳам нашр шуд ва ният дорам худи ҳамин сол китоби дигарамро бо унвони «Зикри хайр» чоп кунам.

Ғуруби Ато Муҳаммадҷонов

-Намоиши «Ғуруб», ки аз рӯйи асари Шодӣ Солеҳов ва коргардонии Ҳалим Сангин ба навор гирифта шудааст, то куҷо ба зиндагии Ато Муҳаммадҷонов иртибот дорад. Зеро дар филм рӯзгори Муҳаммадҷонов бисёр сангин тасвир шудааст. Гумон намекунам, ки ҳунарманде дар пояи Ато Муҳаммадҷонов чунин рӯзгор дошта бошад.

-«Ғуруб» дар маҷмӯъ ҳам ба зиндагии Аслӣ Бурҳонов, ҳам Муҳаммадҷон Қосимов ва ҳамаи ҳамон гузаштаҳои ормонии ҳунари мо иртибот дорад. Ва албатта, аз ҳама бештар ба зиндагии Ато Муҳаммадҷонов. Ҳамон даврае, ки дар фазои санъату ҳунар холигӣ пайдо шуд, як нафар масхарабоз, ки аз кӯчаи санъат нагузаштааст, хост ба зӯрӣ Ато Муҳаммадҷоновро аз  раисии Иттифоқи ходимони театр бартараф карда, ҷойи ӯро гирад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дарвоқеъ, яке аз сабабҳои рафтани ман аз театр ҳамин чиз буд. Рӯзи съезди Иттифоқи ходимони театр он нафар бо зӯрӣ мансабро гирифтанӣ шуду, аз саҳна чанд нафари дигар ӯро тарафдорӣ карданд ман намоишкорона аз саҳна баромада рафтам. Тақдири Ато-ака низ чунин шуд. Эшон як муддат хеле дилгир буданд, ранҷидахотиру озурдарӯҳ…  «Ғуруб» охирин нақши эшон буд. Вале он шабу рӯз мегуфтанд, мехоҳам дар саҳна бошаму саҳнаро кафонам… Намоиши  «Ғуруб» як навъ ҳикмат аст, ки  онҳое, ки хидмат карданд, онҳое, ки барои фарҳангу адабиёту маънавиёт ва худшиносии ин миллат як зарра саҳм гузоштанд бояд қадр карда шаванд. Агар ин қадршиносиву қадрдонӣ набошад, мо ҳеҷ гоҳ миллат намешавем.

Бедории миллӣ ва шеъри «Забони тоҷикӣ»

-Шумо дар давраҳои бозсозӣ ва ибтидои истиқлолият дар радифи шахсиятҳои шинохта дар саргаҳи бедориҳои миллӣ будед. Аъзои Бунёди забон, ровии барномаҳои миллӣ. Бигӯед, ки оё ҳамаи ормонҳои шумо ва ҳаммаслакони шумо бароварда шуд?

-Мо як чиз мехостем, — Истиқлолият, ки хушбахтона, насибамон шуд. Як чизро ба шумо нақл мекунам. Соли 1976 мо ҳамроҳи донишҷӯёни Донишкадаи санъат бо роҳбарии Обид Ҳомидов ба ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон барои гузоштани консерт рафтем. Ман дар он барномаҳо ровӣ будам. Бовар мекунед, вақте шеъри «Забони тоҷикӣ» ва «Бухоро»-и Бозор Собирро мехондам, ҳама мафтун мешуданд. Дар яке аз чунин консертҳо Тошпулод Ҳомид сармуҳаррири газетаи «Бухоро ҳақиқати» омада гуфт, ки дигар ин шеърҳои миллатчигиро нахонед, аммо ман ҳар куҷо мерафтам, қироат мекардам. Вақте дарсҳо сар шуд, профессор Мунзифа Ғаффорова, ки ректори донишкада буданд, маро наздашон ҷеғ зада, барои хондани шеърҳо сарзаниш карданд. Ва ман, бо вуҷуди он ки дар варақи дипломиам фақат баҳои аъло дораму ду нишони Кумитаи комсомолиро сазовор гурдида будам, аз гирифтани дипломи сурх бенасиб мондам.

-Яъне, аллакай пеш аз бозсозӣ заминаҳои худшиносии миллӣ ва озодандешӣ дар Самарқанду Бухоро пайдо шуда буд?

-Бале, ин ҳаракатҳо дар замони бозсозӣ рӯшод шуда, авҷ гирифт. Соли 1990 моро бо устод Фотеҳ Ниёзӣ ба Самарқанд фиристоданд, ки ҷавонони бедори тоҷики Ӯзбекистонро насиҳат кунем, то ки гирдиҳамоиҳои миллиашонро қатъ кунанд. Вақте ба Самарқанд рафтем, ҷавонон бо шиору овезаҳо аз майдонҳо ба варзишгоҳ омаданд. Устод Ниёзӣ шуълаи чашми онҳоро дида, аз фикрашон гаштанд. Гуфтанд, ки мо бо шумоем ҷавонони Самарқанд. Шуълаи чашми шуморо дида, мани 70 — сола 7-сола шудам. Ман ҳам ин ҳолатро дида «Забони тоҷикӣ»-и Бозорро сар кардаму ҳама баробари ман мехонданд.

-Ва ин сабаб шуду  шуморо дар Самарқанд боздошт ҳам намуданд.

-Соли 90-уми асри ХХ дар Душанбе Анҷумани ӯзбекони Тоҷикистон гузашт. Қарор шуд, ки дар Самарқанд ҳам Анҷумани тоҷикони Ӯзбекистон гузаронида шавад. Мо ҳамроҳи Насимҷон Амонӣ, Қироншоҳи Шарифзода ва чанд нафари дигар муваззаф шудем, ки дар анҷуман ширкат варзем.  Маро аз ҷониби Бунёди забон барои ширкат дар анҷуман фиристоданд. Устод Лоиқ ба ману Насимҷон Амонӣ як бандӣ китоби «История топорного разделения»-и Раҳим Масовро доданд, ки ба ширкаткунандагони анҷуман тақдим кунем. Вақте ба Самарқанд рафтем, касе моро пешвоз нагирифт. Баръакс, кормандони КГБ моро иҳота карда, баъзеҳоро ҷавоб доданд ва ману Амонӣ, ки китобҳо дар дастамон буд, ба боздоштгоҳ бурда, як шаб истинтоқ карданд. Ҳамин тавр баъд аз як рӯз гуруснаву ташна моро ба поезд савор карда гуселониданд.

— Ҷашни 60-солагии шумо – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон аст, аммо чаро онро дар театр ҷашн нагирифтанд?

-Ин суол ба ман дахл надорад. Мегӯянд, ки қонуни танзим ҷашнгирии мавлудро манъ кардааст.

-Ранҷидахотир нестед?

-Не, албатта, ваъда карданд, ки 70-солагиамро ҷашн мегиранд… аммо Худо медонад, ки то 70 куҷоем…

-Худо кунад, ки дар 70-у 80 ҳам рӯйи саҳна бошеду ақаллан то он замон қадр карданро омӯзанд ва дар ҷашнҳоятон ширкат варзем…

-…(табассум)

Мусоҳиб: Одили Нозир

Р.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодирро ба ҷашни мавлудаш табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва дар корҳои эҷодӣ барор мехоҳанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.