Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз 16-30 сентябр: 71 парвози чартерӣ миёни Тоҷикистону Русия

Вазорати корҳои хориҷӣ ба диққати ҳамватанон мерасонад, ки бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус қарор қабул кард, ки тариқи ширкати миллии Сомон-Эйр аз 16 то 30 сентябр 71 парвози иловагии чартерӣ ташкил мекунад.

Ҳамватаноне, ки ба Ватан баргаштанианд, бояд маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани вируси корона, ки на бештар аз 96 соат пештар аз парвоз омода кардаанд, пешниҳод кунанд. Кӯдакони то 3-сола аз гирифтани ин гуна маълумотнома озоданд.

Рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тавассути парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳанд, комиссияи махсуси Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои кишвар дар Русия тартиб медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, пеш аз ҳама беморон, заноне ки кӯдаки хурдсол доранд, солхӯрдагон ва нафароне ки ба Русия сафари хидматӣ доштанд, дар сафи аввали рӯйхат қарор мегиранд.

Ҳамватанон метавонанд аризаҳояшонро барои баргаштан ба Ватан дар намуди электронӣ ба нишонаи [email protected] барои баррасӣ ба комиссияи болозикргардида ирсол кунанд.

Ҳамин тавр аз 16 то 30 сентябр парвозҳои зер ба нақша гирифта шудаанд:

16 сентябр
Екатеринбург — Душанбе.
Москва — Душанбе (се парвоз)

17 сентябр
Санкт-Петербург — Душанбе.
Новосибирск — Душанбе.
Москва — Душанбе (се парвоз)

18 сентябр

Москва — Душанбе (се парвоз)
Уфа — Душанбе.

19 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз)
Краснодар — Душанбе.

20 сентябр
Москва — Душанбе(се парвоз)
Санкт-Петербург — Душанбе.
Екатеринбург — Душанбе.

21 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз)
Иркутск — Душанбе.

22 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Новосибирск — Душанбе.
Санкт-Петербург — Душанбе.

23 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Красноярск — Душанбе.
Сургут — Душанбе.

24 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Санкт-Петербург — Душанбе.
Новосибирск — Душанбе.

25 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Уфа — Душанбе.
Краснодар — Душанбе.
Екатеринбург — Душанбе.

26 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Санкт-Петербург — Душанбе.

27 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Екатеринбург — Душанбе.
Новосибирск — Душанбе.

28 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Санкт-Петербург — Душанбе.

29 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Новосибирск — Душанбе.
Сургут — Душанбе.

30 сентябр
Москва — Душанбе (се парвоз).
Санкт-Петербург — Душанбе.
Уфа — Душанбе.
Екатеринбург — Душанбе.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.