Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз 2000 адвокат танҳо 371 нафар монданд

 Вазорати адлияи Тоҷикстон  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба фаъолияти комисияи имтиҳонии адвокатҳо ё вакилони дифоъ гуфтанд, ки “дар пайи имтиҳон 123 адвокат ё вакили дифоъ аз имтиҳон нагузаштанд”.

Ҳамзамон ба гуфтаи ин масъулон, 11 адвокат ё вакили дифоъ умуман ба имтиҳон роҳ дода нашудаанд. Сабаби ба имтиҳон роҳ дода нашудани 11 вакили дифоъ мувофиқат накардани онҳо ба дараҷаи тахассусии адвокатӣ будааст.Вазорати адлия мегӯяд, ки аз 505 вакили дифоъ дар кишвар, фаъолияти адвокатии 134 нафар лағв шудааст. Ҳамин тавр 371 вакиди дифоъ тавонистанд имтиҳони тахассусиро бисупоранд.

Имтиҳони  касбии вакилони мудофеъ баъд аз қабул ва ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ дар соли ҷорӣ сурат гирифт. Талаби супурдани имтиҳоне, ки аз 1000 савол доир ба ҳуқуқ, таърих, сиёсат ва ҳатто фарҳанги миллӣ иборат аст, ба гуфтаи масъулони Вазорати адлия, ба хотири боло бурдани сатҳи касбияти вакилони дифоъ ва беҳтар кардани хидматрасниҳои ҳуқуқӣ ба мардум аст. То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.