Аз беэҳтиётӣ писарбача нобуд шуд

Шоми  18 сентябри соли 2019 ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-50”Ҳайитбоев Гурезалии 63-сола, сокини деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён бо ду ядакаш ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Механизатор хурдсол Аҳмадҷон Турдиеви 9-сола, хонандаи синфи 3-юми мактаби ҳамагонӣ, сокини деҳаи мазкур ба байни ядаки якум ва дуюм савор шуда, аз беэҳтиётиаш афтида, зери чархи ядаки дуюм мондааст.

Дар натиҷа, хурдсол Аҳмадҷон Турдиев  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *