Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз хонаи вайрона то футболи бузург

Меҳри Зидан Озилро футболбоз кард          

Дастаи мунтахаби Олмонро бидуни Месут Озил тасаввур кардан нашояд. Маҳз маҳорату малакаи нотакрори тӯбронии Озил сабаб гашт, ки дастаи мунтахаби Олмон ӯро ба ҳайати худ ҷалб намояд. Ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаб хуб медонистанд, ки бо ҷалби ин турктабори бомаҳорат ҳайати худро боқувваттару шикастнопазир мекунанд.

Зиндагӣ дар хонаи вайрона

Волидони варзишгар замоне ба Олмон ҳиҷрат намуданд, ки Туркияро буҳрони иқтисодӣ фарогир буд ва барои беҳтар кардани шароити зист оилаи Месут низ дар қатори ҳазорон муҳоҷир ба Олмон кӯч баст. Аммо бар хилофи нақшаи оилаи Озил, дар Олмон низ буҳрон ҳукмфармо буд ва тақрибан 70% муҳоҷирон аз бекори ранҷ мебурданд.

Ҳамин тавр, Месут соли 1988 дар оилаи муҳоҷирони турк дар Олмон таваллуд шудааст. Шароити зиндагии Озил дар Олмон ба сахтӣ мегузашт ва оиларо модари варзишгар мехӯронду мепӯшонд. Онҳо дар як бинои вайронаи ғайриқобили зист зиндагонӣ мекарданд ва ба ҳамин хотир Озил барои ба  мактаб рафтан автобусро ба суроғаи дигар даъват мекард, чунки аз ҳолати хонааш бисёр хиҷолат мекашид.

Тавре худи Месут ба хотир меорад, бори зиндагии оиларо модараш бо музди ночизи фаррошӣ, ки дар ду ҷо кор мекард, пеш мебурд.

Футбол

Фаъолияти футболбозии Месут ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ оғоз ёфта буд. Ӯ бисёр кӯшиш мекард, ки ба футболбози машҳури давр Зенидин Зидан монанд бошад. Ҳангоми 6 — сола буданаш падараш ӯро ба яке аз варзишгоҳҳои Олмон мебарад, то маҳорати футболбозияшро сайқал диҳад. Ӯ дар баробари дар варзишгоҳ тамрин карданаш, инчунин, аксари вақти худро ҳамроҳи дӯстонаш бо тӯббозӣ мегузаронд.

Озил фаъолияти футболбозияшро дар майдони касбӣ аз соли 2000-ум оғоз кардааст. Вай дар ин сол бо дастаи “Рот-вайс Эссен” шартнома баста, ба кариераи варзишиаш замина гузошт. Озил дар даста “Эссен” танҳо як мавсим бозӣ намуда, соли 2001 ба яке аз дастаҳои машҳури Олмон “Шалка” гузариш мекунад.
Месут Озил дар 17-солагӣ аллакай дар Ҷоми Лига дар ҳайати дастаи асосии Шалке баромад намуда, ҳамагонро аз бозиофарии зебояш шефта кард. Баъд аз хотимаи бози мухлисони “Шалке” аз маҳорати беҳамтои ин турктабор мегуфтанду бозияшро васф мекарданд. Озил дар ҳайати “Шалке” ба андозае нуфуз дошт, ки ҳато ӯро дили даста мегуфтанд. Роҳбарияти даста мехостанд бо Месут ҳамкориашонро дурудароз идома диҳанд, аммо тобистони соли 2008 Озил аз маоши худ изҳори нигаронӣ намуда, шарт гузошт, ки агар маоши яксолаашро ба 1 млн. эвро расонанд, бо даста ҳамкорӣ хоҳад кард. Шарти гузоштаи футболбоз барои роҳбарияти дастаи миёнаҳоли “Шалке” дандоншикан буд. Ба ҳамин хотир, роҳбарият хулоса баровард, ки бо Озили бомаҳорат хайрухуш намояд.

Баъд аз тарки “Шалке” абардастаҳои Аврупо ба мисли “Арсенал”, “Челси”, “Реал” барои ҷалби Озил ба ҳайати худ талош мекарданд. Аммо футболбоз даъвати абардастаҳоро рад намуда, ба дастаи миёнаҳоли Олмон «Вердер Бремен» гузаштанро афзал донист ва бо арзиши 4.5 млн. эвро ба ҳайати ин даста пайваст. Ӯ дар ҳайати Бреманҳам зуд одат намуда, дар кӯтоҳтарин муддат ба бозингари асосӣ мубаддал гашт.

Соли 2009 барои дастаи Бреман соли бобарор омад, даста дар ин сол тавонист ҷойи севумро дар бундеслигаи Олмон ишғол намояд. Дар мавсими соли 2010 кори даста он қадар омад накард, дар ҳар бози муваҷҷеҳи шикаст мешуд ва дар охир дар таҳхонаи ҷадвал ҷой гирифт. Дар баробари номуваффақиятҳои даста Озил боз ҳам беҳтарин бозингар дар бундеслига дониста мешуд ва дар қатори даҳгонаи беҳтаринҳо дохил мешуд.

Озил дар “Реал Мадрид”

Дар соли 2010, Месут клубро иваз карда, охири моҳи август ба ҳайати абардастаи Аврупо “Реал Мадрид” пайваст. Озил дар ҳайати Реал зуд ба задани гол даст ёфт ва тирамоҳи соли 2010 аввалин голи худро дар ҳайати “Реал Мадрид” басамар расонид.  Дар он мавсим, даста бо шарофати Озил ва якчанд футболбозони бомаҳорати дигар тавонистанд ҷоми Испанияро болои сар бардоранд. Дар мавсимҳои дигар низ Реал пешсафиро ба касе намедод ва ду мавсим пайваста суперҷоми Испанияро аз они худ карданд. Тавре худи Озил дар хотираҳояш қайд мекунад: “Бозӣ кардан дар Реал бароям басе хотормон ва фаромӯшношуданист, маҳз ман дар даста шуҳрату обрӯ ёфта, дар қатори беҳтаринҳо ҷой гирифтам”.

Озил дар ҳайати “Реал Мадрид” 3 сол фаъолият намуда, соли 2013 бо арзиши 45 млн. эвро ба дастаи англисии “Арсенал” гузариш намуд. Гузариши Месут ба “Арсенал” бо арзиши 45 млн. дар соли 2013 рекордӣ ҳисобида мешуд, чунки то ин замон дар пример лигаи Англия чунин трансфери гаронарзиш сурат нагирифта буд. Дар мавсими аввали гузариш кор барои Озил на онқадар омад кард, чунки як мавсими пурра ӯ ба задани гол муваффақ намешуд. Аммо дар мавсими соли 2014 ӯ голи ғалабаоварро муқобили “Ливерпул” ба самар расонида, ба силсилаи нокомиҳояш хотима бахшад. Шурӯъ аз соли 2013 то ҳол Месут дар ҳайати дастаи “Арсенал” бозӣ мекунад ва дар ҳайати даста ҳамчун бозингари калидӣ эътироф мешавад.

Беҳтарин дастовардҳои Озил

  • 2008/09 – Ҷоми Олмон
  • 2010/11 – Ҷоми Испания
  • 2012 – Суперҷоми Испания
  • 2010 – Дорандаи медали биринҷӣ дар чемпионати ҷаҳон
  • 2009 –Чемпиони Аврупо
  • 2012 –Дорандаи медали биринҷӣ дар чемпионати Аврупо
  • 2014 – Дорандаи медали тиллоии чемпионати чаҳон
  • 2014, 2015, 2017 –Ҷоми нглия
  • 2014, 2015, 2017 – Суперҷоми Англия

Яҳё Маҳмаднабиев

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.