Аз рэпхонӣ то таълим ба донишҷӯён. Масрур Зокирзода кист?

Ӯ 7 сол пеш Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро хатм кардааст. Ба донишҷӯён ҳам таълим медиҳаду ҳам рэпхонӣ мекунад.

Меҳмони навбатии барномаи “Корзина”-и Pressa.tj рэпер ва муаллими калони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Масрур Зокирзода (Тоҷикистонов Masani) буд.

Masani дар суҳбат доир ба рэп, сабабҳои рӯй овардани рэпер ба муаллимӣ, умумиятҳо ва тафовутҳои рэперӣ ва муаллимӣ гуфт.

“Ман ватанамро бисёр дӯст медорам ва аз аввали фаъолиятам дар рэп таронаҳои ватандӯстӣ мехонам. Дуюм сабаби чунин тахаллус доштанам ин ворид кардани дигаргуние ба ному тахаллуси рэперии бачаҳо мебошад”, — мегӯяд Тоҷикистонов Masani.

Masani аз соли 2008 ба рэпхонӣ оғоз кардаву ҳоло дар рэп наонқадар фаъол аст ва сабашро серкорӣ номид.

Мусоҳиби мо ба назарест, ки рэп ба ҷомеаи мо метавонад фоидаҳои зиёд орад, вале мо онро дуруст истифода бурда наметавонем. “Агар мо рэпро дуруст истифода бурда тавонем, тамоми мушкилоти ҷомеаро ба воситаи он нишон додаву қисман бартараф кардан мумкин аст, вале мутаассифона, ҳоло ба ин сатҳ нарасидаем”, — иброз дошт ӯ.

Масрур Зокирзода соли 2014 донишкадаро бо дипломи аъло хатм кардаву то ҳол дар ин даргоҳ фаъолият дорад.
Ҳамзамон, ният дорад, ки то охири соли ҷорӣ чанд рэпи нав ба ҳаводоронаш пешкаш кунад.

Шакли пурраи суҳбатро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бихонед ва ё дар ютубканали Pressa.tj тамошо кунед.

Шакли видеоии суҳбат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *