Ба директори Маркази миллии патенту иттилоот суол доред?

30-юми январи соли равон, рӯзи панҷшанбе  аз соати 10:00 то 12:00 дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj  бо Мирзо Исмоилзода, директори Маркази миллии патенту иттилоти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтугӯи мустақим доир мегардад.

Хонандагон имкон доранд, ки суолҳои худро қаблан тариқиViber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93-111-08-61, 238-54-51 фиристанд ё дар рӯзи гуфтугӯи мустақим ба ҳамин рақам занг зананд. Ба суолҳои хонандагон  Мирзо Исмоилзода посух медиҳад. Фишурдаи суҳбат дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj ба чоп мерасад.

Маълумотнома:

Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб  фаъолият дорад. Самтҳои фаъолияти он ҳифзи манфиатҳо дар соҳаи моликияти саноатӣ, инчунин, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ихтироъкорӣ дар мамлакат мебошад.  Тамғаҳои молӣ ва хизматрасонӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ, бақайдгирии ихтирооти махфӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, хизматрасонии китобхонаҳои электронӣ аз вазифаҳои дигари ин муассиса ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *