Ба доди мардуми кӯҳистони Айнӣ кӣ мерасад?

Сокинони деҳаи Зерободи ҷамоати деҳоти Дардари ноҳияи Айнӣ бо ирсоли чанд акс ба сомонаи Pressa.tj аз ҳатулкорӣ дар сохтмони мактаби деҳа шикоят кардаанд.

Мардуми ин ноҳияи кӯҳистон мегӯянд, сохтмони мактаби нави сеқабата дар ин деҳа ҳанӯз соли 2016 оғоз шуда, бояд то соли 2019 ба анҷом мерасид, аммо аз байн аллакай чаҳор сол гузашта бошад ҳам, танҳо таҳхона ва қабати аввали бино нимкора сохта шудаасту халос.

Сохтмони ин мактабро ширкати «РАФТ” бар ӯҳда дорад, аммо коргаронаш дар давоми сол танҳо як ё ду ҳафта кор карда, боз мисли одамони аз сайёраи дигар омада ғайб мезананд.

«Баҳори соли 2019, вақте раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳаи Зеробод дидан кард, чанд усторо аз куҷое ёфта оварданд ва дар пеши назари раис сохтмони мактаби деҳаро ҳамчун майдони меҳнати зарбдор ҷилва доданд.

Ба назар чунин мерасид, ки бо ин суръати кор дар муддати хеле кӯтоҳ сохтмони мактаб ба итмом мерасад, аммо баробари рафтани раиси вилоят сохтмончиён низ белу каландашонро ҷамъ карда рафтанду бо ҳамин кор боз нимкола монд. Деворҳои нимсохти хиштии бинои мактаб ҳоло дар зери барфу борон мондаанд”-мегӯянд сокинони деҳаи Зеробод.

Зеробод 640 хоҷагӣ дошта бошад ҳам, фарзандонаш то ҳол дар мактаби кӯҳнае, ки ҳанӯз замони Шӯравӣ сохта шуда буд, таҳсил менамоянд. Азбаски ин мактаби якқабата дар як канори деҳа воқеъ гаштааст, кӯдакон дар барфу лою об ғӯтида бо азобҳои алим ба дарс мераванд.

Мактаби нав бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, аммо мардуми Зеробод мегӯянд, бо чунин ҳатулкорӣ ин ширкати сохтмонӣ то ҷашни 40-солагии Истиқлолият низ сохтмони мактабро ба анҷом расонида наметавонад.

Сокинони деҳа аз он ҳарос доранд, ки фурсат кам монд гуфта дар охир сохтмончиён ба қавли кампиракон ба исмоилдавон мегузаранд ва бинои мактабро бо сифати паст сохта ба истифода медиҳанд.

«Вақте ки фурсат то супурданаш кам мемонад, ба исмоилдавон сар мекунанд. Дар ин сурат, албатта, ҳатӯлкорӣ мешавад ва бинои мактаб саросема ва бо сифати паст сохта хоҳад шуд. Мо аз ин наметавонем изҳори ташвиш накунем, чунки фардо дар ин мактаб фарзандони мо таҳсил хоҳанд кард. Ягон фалокат шавад, кӣ ҷавобашро медиҳад пагоҳ?” – мегӯянд сокинони деҳаи Зеробод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *