Бидуни фавт! Вазорат омори нави коронавирусро гуфт

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 28 сентябр ба 9685 нафар расид.

То имрӯз дар мамлакат 8483 нафар ё худ 87,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 75 нафар фавтидаанд.

Шабонарӯзи охир 79 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 53 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *