Бо нафақаам фарзандамро хонондам, аммо…

Дипломдору хизмати аскарӣ карда дар ҷустуҷӯи кор аст

Ба таваҷҷӯҳи раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода

Ман Раҷаб Холмаҳмадов 77 сол дошта, нафақахӯрам. Истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент мебошам. Соҳиби 6 фарзанд ҳастам, ки ягона духтарам маъюби гурӯҳи якум мебошад. Шукри Худованди бузург 5 писарам бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафта, бо сари баланд хизмати Модар – Ватанро адо карда омаданд. Писари хурдиам Холмаҳмадов Беҳрӯзро бо маблағи нафақаам 5 сол дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар риштаи таърихи бостоншиносӣ хонондам. Баъди хатми донишкада писарам тасмим гирифт, ки ба хизмати аскарӣ биравад, чун бе хизмат дар ягонҷо ба кор қабул намекардаанд. Пас аз ба итмом расонидани хизмати яксола, бо гирифтани рутбаи лейтинанти хурд ба деҳа омад.

Инак 2,5 сол мешавад, ки писарам дар ҷустуҷӯи ҷойи корӣ аст. Борҳо ба Ҳукумати шаҳр муроҷиат кардам, вале бенатиҷа. Ҳатто аризаамро ба инобат нагирифтанд ва онро ба шуъбаи шуғли аҳолӣ вобаста карданд. Рӯзе директори ин шуъба занг зад ва гуфт, ки писаратро равон кун, дар Кохи Лоиқ ҷойи кор ҳаст, агар кор кардан хоҳад кор кунад, нахоҳад не. Писарам ба назди директори он кох рафт, вале директор гуфтааст, ки ба мо мутахассиси дорои 2 соли таҷрибаи корӣ дошта лозим. Писарам мактаби олӣ хонд ва хизмати аскарӣ кард, аз куҷо ду соли таҷрибаи корӣ дошта бошад? Ӯ худ мутахассиси тайёри соҳаи худ аст. Чун писарам рутбаи лейтинанти хурд дорад, бисёр хоҳиш дошт, ки дар ШВКД дар шаҳри Панҷакент фаъолият кунад ва шахси низомӣ шавад. Ба назди сардори шуъба рафт, вале ӯ гуфтааст, ки Қарори вазири корҳои дохилиро биёр баъд ба кор мегирем.

Писарамро ба Вазорати корҳои дохилӣ овардам, кормандони мақомот гуфтанд, ки ҳал мекунем, боз ин масъала норӯшан монд ва аз ёди ҳама рафт.

Ҳозир дар чорроҳаи зиндагӣ мондаам, писарамро маълумоти олидор кардам, аммо дар ягон ҷо дастгирӣ намекунанд, таҷрибаи корӣ мепурсанду баҳонаҳои дигар дар меоранд. Дигар ҳеҷ ҷойи рафтаам намонд, ягона умедам ҳамин ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *