Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши обрасонии Душанбе 30 миллион доллар дод

Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи обрасонӣ ва таъмини сокинони Душанбе бо оби софи ошомиданӣ ба миқдори 30 миллион доллари амрикоӣ кумаки билоиваз ҷудо кардааст.

Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъи обрасонӣ ва таъмини сокинони Душанбе бо оби софи ошомиданӣ ба миқдори 30 миллион доллари амрикоӣ кумаки билоиваз ҷудо кардааст.

Дар ин бора сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 5 июн хабар дод.

Дар хабари ин ниҳоди байналмилалии молӣ таъкид шудааст, бо васеъ шудани масоҳати шаҳр ва афзоиши сокинони он зарурати таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ пеш омадааст.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 840 ҳазор нафар зиндагӣ карда ва интизор меравад дар соли 2040 аҳолӣ ва масоҳати пойтахти Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёбад.

Ҳамчунин, дар чорчӯби ин барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури пешгирӣ аз исроф шудани оби ошомиданӣ дар манзилҳои сокинон ҳисобкунакҳои об насб хоҳад шуд.

Бар асоси тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2017 ҳудуди 61 дарсади сокинони Душанбе ба таври доимӣ бо об таъмин буда, системи обрасонии пойтахт кӯҳнаву фарсуда шудааст.

Соли 2002 Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии истгоҳҳои обрасонии “Напорная” ва “Самотечная”-и пойтахти Тоҷикистон 50 миллион доллар ҷудо карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *