Боз тоҷикдухтаре «Россия 1” -ро қоил кард (Видео)

Дар нашри навбатии барномаи «Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии «Россия 1” боз як духтари тоҷик Ёсуман Исмонзода бо истеъдоди фавқулоддаи худ дар илми ҳисоб ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман дар камтар аз ду дақиқа 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

Ёсуман Исмонзода инак намояндаи дуюми Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний” аз шаҳри Душанбе аст, ки ба барномаи «Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии «Россия 1” роҳ ёфт. Муҷрии барнома Александр Гуревич дар даври аввал аз Ёсуман хост, то ҳосили ҷамъу тарҳи 100 шумораи даҳӣ ва садиро барорад.

Ёсуман, ки ин ҷамъу тарҳро дар зеҳнаш анҷом медод ва ҳангоми ҳисоб ангуштонашро ҳаракат медод, дар зарфи камтар аз ду дақиқа гуфт, ки ҳосили ин ҷамъу тарҳ 448 мешавад. Гуревич эътироф кард, ки ҷавоби дуруст дар ҳақиқат 448 аст. Аҳли толор бо шавқу шӯр аз ин намоиши истеъдоди духтари тоҷик истиқбол кард ва аъзои ҳайратзада ҳайъати ҳакамон ангушти ҳайрат мегазиданд ва сар меҷунбонданд.

Дар имтиҳони баъдӣ Гуревич 50 шумораро, ки дар коғаз ва он ҳам баракс (зеркальный) навишта шуда буд, ба тамошобинон тақсим кард. Бо амри муҷрӣ тамошобинон як-як аз ҷо баланд шуда ин шумораҳои барои мушкил шуданаш баракс навишташударо ба Ёсуман нишон доданд ва ӯ дар зеҳнаш бо ҳаракати ҳамзамони ангуштонаш ин ҳамаро ҷамъу тарҳ кард ва дар ниҳоят ҳосилашро дод: 788.

Александр Гуревич гуфт, ин посухи Ёсуман ҳам дуруст аст ва аҳли толор ба хотири истиқбол аз пирӯзии духтари тоҷик ҳама аз ҷо бархоста, ба шарафи ӯ кафкӯбӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *