Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздошти 14 имом-хатиби «салафӣ» ва «ихвонӣ»

Соли равон алайҳи 14 имом-хатиб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин бора имрӯз 12-уми июл масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар як нишасти хабарӣ маълумот додан

Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин гуфт, аз 14 имом-хатиби боздошшуда танҳо 2 нафарашон  ҳангоми фаъолият боздошт шудаанд. Боқӣ ё қаблан аз вазифаашон барканор шуда буданд ва ё аз комиссияи атетсатсионӣ афтида буданд.

Ҳарчанд дар Кумитаи дин аз шарҳи сабабҳои боздошти имом-хатибон худдорӣ мекунанд, аммо имом-хатибон асосан бо ҷурми узвият дар равияҳои мамнуъи “Салафия” ва “Ихвон-ал-муслимин” ба зиндон рафта буданд.

Танҳо аз вилояти Суғд 7  имом-хатиб бо ҷурми узвият дар созмони мамнуъи “Ихвон-ал-муслимин” аз 3 то 4 солӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳамчунин, Тоҳир Ашӯров, имом-хатиби маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун ҷойгузини Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии маъруф ном бурда мешуд, низ бо ҷурми узвият дар равияи мамнуъи “Салафия” барои 6 сол ба зиндон рафт.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.