Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздошти нашъаҷаллобони хавфнок бо 40 кг нашъа ва 2224 адад ҳабҳои синтетикӣ

Ахиран фаъолияти ғайриқонунии як гурӯҳи муташаккили ҷиноии трансмиллии нашъаҷалоб, ки ба интиқоли ҳабҳои наркологии экстазӣ аз хориҷ ба ҳудуди Тоҷикистон машғул буданд,аз тарафи мақомоти қудратӣ фош ва гумонбарони ҷиноят дастгир карда шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин шабакаи трансмиллӣ дар ҳаҷми махсусан калон 2224 адад ҳабҳои мадҳушкунандаи синтетикӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд, Рамазонзода Зафари Хуршед, соли таваллудаш 3-юми январи 1992, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Кӯлоб, ҳамчун сарчашма ба интиқоли ҳабҳои экстазӣ аз кившарҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад. Дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ӯ дар давоми зиёда аз 2-сол дар чандин маврид тавассути нақлиёти боркашон ҳабҳои экстазиро аз хориҷа ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода, ба воситаи дигар ҳаммаслаконаш асосан дар маконҳои ҷамъшавии ҷавонон ба фурӯш мебаровардаааст. Номбурда айни замон дар яке аз кившарҳои Аврупо қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200-қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шуд.

Дар доираи баргузории ин амалиёт ҳаммаслаки номбурда шаҳрванд, Содиқов Собирҷон Шовалиевич соли таваллудаш 9-уми августи 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд дастгир карда шуд.

Номбурда дар ин кирдори ҷиноӣ ҳамчун қабулкунанда ва паҳнкунандаи маводҳои психотропӣ ва ҳабҳои экстазӣ дар ҳудуди пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ҷилванамоӣ мекунад.

Дар идома коркардҳои оперативӣ аз руи фаъолияти пинҳонии ин шабакаи байналмиллалии қочоқи ҳабҳои наркологӣ пурзур карда шуда, дар натиҷа дақиқ карда шуд, ки роҳбари шабакаи трансмиллӣ Рамазонзода Зафар ин навбат низ ҳабҳои синтетикиро дар дохили қуттиҳои чой ҷойгир ва дар як ҷомадон ба таври махсус пинҳон намуда, тавассути нақлиёти боркаш ба ҶТ интиқол додааст. Рафти ҳаракати нақлиёти боркаши байналмиллалӣ таҳти мушоҳидаву чорабиниҳои оперативии милитсияи шаҳри Душанбе қарор дода шуда, баъди ба ҳудуди шаҳри Душанбе омада расидани автомашинаи мазкур, 2224 адад ҳабҳои наркологӣ аз дохили пинҳонгоҳи махсус дарёфту мусодира карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки мувофиқи хулосаи табибон ҳабҳои наркологию психотропӣ – хатарноктарин навъӣ маводи нашъаовар ба ҳисоб рафта, ба дилу рагҳои хунгард, ҷигар, гурда, шушу меъда зарар расонида, ақлу ҳушро коста мегардонад. Нафаре, ки истеъмолкунандаи чунин маводҳост, воқеиятро фаромӯш карда, девонаавзою бадхашм шуда, аз ҳеҷ як амали ҷиноятӣ рӯй намегардонад.

Илова бар ин кормандони милитсияи пойтахт дар давраи 15 рӯзи аввали моҳи июн дар доираи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду гурӯҳи дигарро низ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир намуданд. Аз ҷумла дар гурӯҳи якум шаҳрванд Гулмирзоев Давлатмирзо Маҳмадмирзоевич соли таваллудаш 1958, бо ду нафар писарони бародараш Гулмирзоев Алишер Шарифович соли таваллудаш 1974 ва Гулмирзоев Алидод Шарифович, соли таваллудаш 1976, зодагони ноҳияи Дарвоз, деҳаи Пунишор дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд, ки ба хотири ба даст овардани маблағу даромади муфт ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул шудаанд. Дар маҷмӯъ аз ин гурӯҳи нашъаҷаллоб 23 кг воситаҳои нашъадори навъи Афюн дарёфту мусодира гардид.

Дар идомаи амалиёт ва коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафари дигар низ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон дастгир карда шуда, аз онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 15 кг воситаҳои нашъадори навъи Ҳашиш дарёфту мусодира гардид.

Инҳо, шаҳрвандон Нуров Амришо Рӯзиевич, соли таваллудаш 1953, истиқоматкунандаи шаҳри Бустони вилояти Суғд ва Ҷурабеков Аъзамҷон Исмоилович соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, мебошанд, ки маҳз ҳирси ба даст овардани маблағу даромади муфт онҳоро ба ин роҳи хато бурдааст.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷурабеков Аъзам бо гурӯҳҳои ҷиноии нашъаҷаллоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робита дошта, ин миқдор воситаҳои нашъадорро ба таври қочоқ аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя дастрас ва ба соҳибияти худ қабул намуда, мехост онро ба фурӯш бароварда, дар баробари нашъаманду дардманд намудани нафарони дигар худ маблағи муфт ба даст оварда зиндагонии осоишта дошта бошад.

Қобили зикр аст, ки бо дастгир ва аз муомилот боз доштани 2224 адад ҳабҳои наркологию синтетикӣ ва зиёда аз 40 кг маводҳои нашъадор танҳо дар нимаи авали моҳи июн аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, пеши роҳи гирифторшавии нафарони зиёде аз бемории нашъамандӣ гирифта шуд.

Айни ҳол дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нисбати нафарони дастгиршуда, барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба ошкор ва дастгир кардани дигар аъзоёни гуруҳҳои нашъаҷаллоб идома доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.