Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздошти падар барои латукӯби фарзанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи навори латукӯби фарзанд, ки дар интернет нашр шуд, як сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кард.

Тибқи иттилои Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст, Иномзода Фирдавси 34 сола аз суи кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд бо гумони латукӯби ноболиғи хурд боздошт гардид.

Ёдовар мешавем, имрӯз дар шабакаи интернети як навор, ки дар он латукӯби кӯдаки ноболиғ пайдо шуд, ки марди номаълум фарзанди худро берахмона латукуб мекард, мавриди пайгирии фаврии командони Вазорати корҳои дохила қарор гирифтааст.

«Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Иномзода Фирдавс Аббос, соли таваллудаш 26.11.1986, ки қаблан бо моддаи 281 КЧ ЧТ маҳкум шуда аст, боздошт шуд»,-афзудааст манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса, айни замон кормандони милитсияи вилояти Суғд тафтишот мебаранд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.